Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Фаҳмо, рафиқ сержант!
Риштаи интизорӣ канда шуд. Фрицҳои чодари сафедпӯшида аз окопҳо қариб баробар хез зада баромаданд, худро ба рӯи барф ҳаво доданд. Ҳамоно нимхез шуда каме пеш мерафтандӯ боз мехобиданд, боз медавиданду боз мехобиданд.

Ҷанговарони мо гӯшбакимор ва чун аспи улоқӣ бетоқат буданд. Баъзеҳо аз диққатӣ ғут-ғут мекарданд. Афсӯс, ки дақиқаҳо мегузаštu ҳеҷ не, ки фармон шавад. Аз ин ҷанговарон асабӣ мешуданд. Ҳатто яке бо овози ларзон ҳақорат дод, дигаре нохост тир холӣ кард.

— Хомӯш! Бигузор наздиктар оянд! Ҳа, ҳа, боз, боз... Оташ!

Милтику пулемётҳо ба забон даромаданд, пешоҳангии душман тут барин рехт, боқимондаҳояш ба гурехтан вақт naёft. Ҳангоме ки гурӯҳи нави фрицҳо боз ба ҳуҷум гузаштанӣ шуданд, миномету тӯпҳо ба кор даромаданд. Душман ба талафоти зиёди худ нигоҳ накарда, ҳуҷум аз паси ҳуҷум кард. Охир мадори ҳуҷумкунӣаш намонду истеҳкомҳояшро мустаҳкам кардан гирифт. Тирпарронии дутарафа хеле давом кард.

Ҷавони миёнақаду кулчарӯ чандин фрицро замин газонду афсӯс, ки худ аз қатор баромад. Ҳамоно ба ҷои ӯ гузаштаm, ба пулемёт диски нав гузошта, фрицчиниро давом додам. Фурсате нагузашта тирам тамом шуд. Хостам диски дигар гузорам. Афсӯс, ки дар рӯ ба рӯям снаряде тарқиду дасти чапамро дошта мондам. Баъд бо як азобе бо дасти ростам диск иваз кардаӣ шудам. Ба обу арақ ғӯтидаю ҳалмаш пухта сержант давида омад ва дискро аз дастам кашида гирифт.

— Ба ман деҳ! Марш ба медсанбат! Ба Мария гӯй, ки Иван зинда аст!

Аз хатти якум қафо гаштан ҳам ниҳоят хавфнок. Окоп, траншея, пастию баланди, боронии тиру снаряд... Фақат чаққонию зиракӣ кор медиҳад. Бо як азобе аз окопҳо гузашта, ба майдони нимҳамворе расидам. Медавам, меафтам, гавак кашида пеш меравам. Охир ба пастхамие расидам, ки аз дур нишонаҳои медсанбат ба назар мерасиданд. Кофта-кофта духтур Марияро ёфтам. Ӯ ҳанӯз ба арзи ман гӯш накарда пурсид:

— Куҷоят?

— Мана ин... — дасти чапамро нишон додам.

— Рафтем! — ба палаткаи хурде ишора кард ӯ.

Палатка чунон дуд буд, ки дар он ҷо одам нишастааст

пешина
аз 323
навбатӣ