Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ба соаташ нигариста ҳамоно ҷиддӣ шуд сержант.
— Ҳама ба ҷояш! Ба ҷанг тайёр бошед!
Ҷой-ҷоямонро ишғол карда, мунтазири фармон будем. Саросема шуд магар, ки Сангин якбора тир холӣ кард. Сержант бо ғазаб аз китфи ӯ кашид:
— Исто! Кӣ ба ту иҷозат дод?!
— Магар намебинӣ?! Зада, ба ҷаҳаннам фиристондам! Ҳо, дегчаи хӯрокаш ғалида рафт. Бин!
— Якто гуфта корро расво мекунӣ?! Ҷанг тартибу қоида дорад, хомакча! Мефаҳмӣ, як хатои хурдтарини сабаби талафоти калон шуданаш мумкин. Дар ин ҷо фақат фармон! Вақташ шавад, ана баъд ҳунаратро тамошо мекунам. Фаҳмо?!
— Фаҳмо, рафиқ сержант, — узр хост Сангин. — Дигар такрор намешавад.
— Ба ҳар ҳол ба ҳисоби ту якто навишта мемонам, хомакча. Лекин фаромӯш накун, ки...
— Хуб гуфтам-ку, рафиқ сержант. Гап якто. Дилам гувоҳӣ дод, шарт паррондам-дия. Ба маълумотатон ман шарт кардаам, ки то даҳтоашро ба ҷаҳаннам нафиристонам, ҷон намедиҳам. Ана, акнун нӯҳтааш монд, — хандид Сангин.
— Ҳудсарӣ накунӣ, ҷанговари нағз мешавӣ. Туро ҷонишини худ таъин мекунам. Лекин... — маънидорона хандид Иван. — Фаҳмо?
— Фаҳмо, рафиқ сержант, — табассум карда монд Сангин.
— Хомӯш! Мунтазири фармон бошед! — Сержант ба сӯи душман бодиққат синча карда ба тарафи рости окоп давида рафт. Ба тирандозҳои пулемёти «Максим», ки дар гӯшае ниҳон аз чашми душман буд, ким-чиҳо маслиҳат дода, ба окопи дигар гузашт. Дере нагузашта баргашт, ки дар паҳлӯяш аскари миёнақади кулчарӯй пулемёти дастӣ бардошта меомад. Сержант ӯро ба паҳлӯи ман ҷойгир кард. Баъд ба ман рӯ оварда, пурсид:
— Хомакча, ту дар умрат пулемёт андохтай?
— Аслан ман пулемётчиам, — гуфтам.
— Олиҷаноб! Хеле олиҷаноб! — аз хурсадӣ ба китфам тап-тап зада монд, сержант. — Молодец! Медонед, дар ин ҷанг пулемёт кор медиҳад. Зеро дар ин ҷо гап ҳаст. Аз афташ аз они мо ба душман имконият медиҳанд, ки ба ҳуҷум гузарад. Масалан, душманро ба сӯи мо роҳ дода, қафояшро миномётчиён тирборон мекунанд. Фрицҳо ба халта мефароянд. Ана, баъд якто намонда замин мегазонем. Фаҳмо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё