Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

вазнин. У танҳоӣ мекашад. Духтари навбатдор ҳам серкор. Аксар рӯзҳо аҳвол ҳамин, — гӯён вай қариб даҳ-понздаҳ дақиқа сарамро зер кард, дасту поямро молид ва «хоби нағз бин» гуфту рафт.

Кошки, хоб тезтар мебурд. Одам дурудароз тарки бистари беморӣ накунад, аз хоб ҳам безор мешудааст. Хаёл касро ба ким-куҷоҳо гирифта мебарад. Ана, акрабаки соати деворӣ дар рӯ ба рӯям буда, якро ақиб гузошта, ба ду наздик шуда монд. Вале ман ҳанӯз ғуломи хаёлам. Вай маро аз назди Маша ба Тоҷикистони офтобрӯя, ба шаҳри азизам мебурд, аз он ҷо ба майдони ҷангу шаҳрҳои вайрона кашола мекард. Боз ба тақдири Маша меомад. Ин ҳам беҳуда набуд. Тақдири ин духтари поквичдон майнаи қаро тасхир намекунад?

Баъзе ҳамхонаҳоям маро масхара мекунанд, ки дар ҳаҷри соҳибҷамоли чингиламӯ ҷигаркабоб гашта, оламро фаромӯш мекунам. Ба сарам борони ҳазлу пичинг меборид. Маша ҳам аз ин пай бурда буд. Аз дар намоён шуд, албатта, ягон пичингро мешуниду алвон барин сурх мешуд.

Рӯзе Машаро ниҳоят ғамгин дидам. Гумон кардам, ки ягон ҳамхонаи ман ҳазли дағал карда, ранҷонидааст. Не, ман хато кардаам. Фардо бистсолагии рӯзи таваллудаш мешудааст. Падараш қавл дода будааст, ки рӯзи таваллуди духтарашро монандӣ тӯй мегузаронад ва соати дастӣ тақдим мекунад. Модараш ва бародаронаш, тамоми хешу табор нияти калон доштаанд.

— Чанд рӯз ин ҷониб дар лабаш хандаю дар дилаш ғаму андӯҳ, шабҳо аз гирья болинашро тар карда мебарояд, — гуфт Тамара, ки наздам омада буд, — Дугонаҳо пул ҷамъ кардем. Як илоҷ карда, аз дилаш набарорем, намешавад.

Ҳа, рост мегӯяд. «Аз чанд масҷиду мадраса сохтан дили як рӯҳафтодаро хурсанд кардан беҳ», мегӯянд тоҷикон.

Маро ғами савғотӣ зер кард. Бо чӣ метавонам дилашро бардораму хурсанд кунам? Бемори ночунбон чӣ ҳам ёфта метавонист? То бегоҳ майна об кардаму сарҳисобамро наёфтам. Ҳамсояам лейтенанти упагӣ Фролов ҳайрон-ҳайрон ба ман менигаристу аз рӯи одати худ китфҳояшро дарҳам кашида:

— Ман намефаҳмам, — мегуфт, — ба тухми духтар кирон омадааст магар, ки ин бача девона мешавад? Кошки, зебо бошад. Ба як пул намеарзад. Ҳозир замин кафида

пешина
аз 323
навбатӣ