Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
бо ғазаб гуфт комиссар. — Ҳар яки мо ба ҳар яки шумо ҷавобгарем.
— Чашмат куҷо буд? — дӯғ зад ҷарроҳ, дасташро шоф карда ба Маша. — Аз нав операция, аз нав ду-се моҳи дигар мехобад. Баъд ба ин пой протез мос меояд ё не. Азобашро намегӯй. Ба дастат хор дарояд, чӣ хел азоб мекашӣ? Ҳа, каллаварам!
Рӯзи дигар Машаро аз кор озод карданӣ шуданд. Чунон фарёд кардам, ки тамоми палатаҳо ба по хестанд.
— Гуноҳро худи ман кардаам, чаро ӯро ҷазо медиҳед?! Агар аз кор озод кунед, ба Саркомандадеҳи Олӣ шикоят мекунам ва ё худро нобуд месозам! — якравӣ кардам. Охир, маҷбур шуданд бо як «ҳайф ба ту» қаноат кунанд.
Шабонгоҳ чароғи кабиди нимранг дармегирифт. Палатаҳо дар хоби маст, фақат нафаскашию оҳу воҳи ярадорони вазнин ба гӯш мерасид. Машаи ман дар либоси сафеду кафши латтагӣ. Ӯ нӯг-нӯги по назди беморе рафта, болопӯшашро дуруст карда монд. Ба касе об дод, касеро аз бағалаш гирифта, берун баровард. Ҳанӯз аз дар надаромада, лейтенанти бедасту пой фарёд кард. Маша ба ӯ зарфи зарурӣ овард. Дар ин ҳангом ғирингоси майори дар паҳлӯи лейтенант хобида ба гӯш расид. Маша назди ӯ шитофт. Бо чаққонии ба худ хос ба бағали майор ҳароратсанҷро гузошта, бо шитоб берун баромад. Доруе гирифта баргашт, вале рақами ҳароратсанҷро дида, бетоқат шуд ва аз сари нав берун тохт. Фурсате нагузашта, ҳамроҳи духтари навбатдор баргашт. Ҳамшираи дигарро чеғ заду майорро ба занбар андохта, ба хонаи махсус бурданд.
— Эҳ, ҳамшираи тиб, — худ ба худ гуфтам ба сарҳисоби ташвиши Маша расида натавониста, — як фурсат ором надорӣ. Ташаккур бод ба одаме, ки соҳибони ҳамин касбро «ҳамшираи шафқат» номидааст! Дар ҳақиқат, тохтутози беором, азобу машаққати онҳоро дида, раҳматон меояд. Як худи маро Маша рӯзе чанд маротиба бардошта берун бароварда медарорад! Аз ҳар яки дувоздаҳ нафар бемори инҷику эрка рӯзе сетой фармон гирад, сиву шаш маротиба рафтуо бояд кунад. Боз онҳо чунон дӯғу пӯписаҳо мекунанд, ки чӯриҳои пештара ҳам тоқат карда наметавонистанд. Ба дили бузургу иродаи пӯлодии онҳо ҳайрон мешавад кас.
— Ту ҳанӯз нахобидай? — пичиррос зад ба гӯшам Маша, тез-тез нафас кашида. — Аҳволи майор вазнин. Ба Тамара ёрӣ додан зарур. Ҳар чӣ бошад ҳам, беморхон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё