Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Поҳома бин, ку меҷумбанд.
— Дардмандиш нарафта, яке лат мехӯрӣ...
— Оҳиста даст бирасон, ку чизе мефаҳмам.
— Ана, ҳис мекунӣ?
— Не.

Муҳити ғамфизову тани захмин риққаташ меафзуд. Чашм кушода, ба дурустӣ фаҳмид, ки аъзои баданаш дард мекашад. Ва низ ҳамшафаташ бемороне ҳастанд, ки ҷароҳати пову миён бардоштаанд. Ҳар кӣ дар ғами ҷони худ месӯзад. Нафаре ба шиддати ҷарроҳӣ аранге нолиш мебаровард. Убайдуллоро паҳлӯтари ӯ хобонида, пояшро дар мадори ресмон ба оҳани пояи кат насб карданд. Пирамард ҳар замон аз ҳоли ҷавон бохабар ба фиреби гузашти вақт худро ба коре машғул мегирифт.

Офтоби каминури тирамоҳӣ ба имрӯзиён хайрбод гуфт. Беморро хоб дар чашмон меҳмон намешуд, вале иродааш қавӣ буд. Умед мебаст ба фардову бовар дошт ба инсонҳо.

«Эй, Яздони пок! Дар ифшои матлаби зер лак-лак маъзурам бидор. Нерӯям бидеҳ, то каломеро бозпурсам: чаро кулли инсони нек дар ҷавонӣ ба вартаи номуродӣ меафтанд ё ба олами орзуву ҳавасҳо ормонӣ падруд мегӯянд? Сирри ин муаммост. Китобҳову ҳикматномаҳо аз осори пешин тасаллиятгаранд, ки эшон аз дунёи олудаву н-осуда беолоиш — амсоли фаришта ба думболи фариштаҳо мераванд. Оё ин ҳама бандагонро ба кӯи навмедӣ намебарад?» — бад-ин мазмун нигоҳи пурашки Убайдулло аз рӯи беморе ҷониби мӯйсафед кӯчид. Ҳузни дилаш хиёле аз дидагонаш гурехт.

Марди пир ба такяи девор нимхобу нимбедор чӣ маънӣ меҷӯст?

Яке буд дари ҳуҷраи хоби беморонро касе оҳиста куфт. Ва, ҷавони ситорагарми сару либосаш пурчангу хок, дар по мӯзаҳои чармини рангпарида, ба сар кӯлоҳи қирғизӣ, як навъ тааҷҷубзадаву аз худ рамида, баъди саломдиҳӣ ба оҳанги нобовару шармолуда аз мӯйсафед пурсид:

— Бобо, ҳамин ҷо Убайдулло гуфтанӣ бача хобаст?
— Биё, бачам, биё.

Довуд Султон хеле оҳиста по ниҳода, аввал ба бобо, сониян ба падар, баъд ба дигарон вархӯрд. Чун ошнои деринаро дар ҳоли баду яъсовар дид, гумон накард, балки бовараш наомад, ки ҳамон бошад. Охир поҳои насби оҳан буду азият мекашид. Вале аз хандаи

пешина
аз 314
навбатӣ