Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз риштаҳои рангоранг тоқии чакан ва рӯмоли миёнаш дӯзонд. Хоҳаронаш барои шоҳмардҳо тоқӣ кашидадӯзӣ карданд. Ҳама чиҳози шоҳбачаро фароҳам овард. Нигарон буд, ки хунукҳо бигзарад, хурсандӣ пеш мегиранд.

Ағба ба фароз тӯл мекашид. Убайдулло на аз ин баландиҳо, балки аз ағбаи ҳаждаҳгардиша меҳаросид. Мабодо мошин дар нимароҳ бимонад... Ба додаи ӯ дар ин кӯҳистон кӣ мерасад? Чандон фаъолият ҳам накардааст, ки хотирашро дида аз гуноҳаш бигзаранд. Ҷамъи айби набударо ба гарданаш дайн намуда, — агар саломат бимонад! — то маҳбас мекашандаш. Аз ин гиромбозиҳо чӣ суд? Баэҳтиёт, вале хавотир борро ба манзил мебурд. Мошин чанд гардишро боло шуд. Бидуни ҷавонӣ нағз ҳай мекард Убайдулло. Алвонҷи рӯмолак модараш меафзуд. Чашми бад нарасад гуфта модар ба рӯмолак сӯзан ва андаруни куртаи фарзанд тӯмор часпонда буд.

Афкори бесару нӯк ба дили Убайдулло тазъйиқ меовард. Мошин ба роҳи дур тайёр набуд. Челонгарон ҳар моҳ музд мегиранд. Аз кадом ҳисоб? Сарварони коргоҳ метавонистанд супориш диҳанду иллати мошинҳоро рафъ бисозанд. Бевиҷдонҳо, дар шаҳди мукофот ҳамаро фаромӯш кардаанд.

Дар баландии ағба тундбод мевазид. Мошин ба шиддати бори вазнин чун гаҳворачумбонак рафту рафту рафт, баногоҳ тормозаш аз кор баромад. Поён чар, паҳлӯ чар, ба куҷо фармонро битобад? Ҷавон дасту по хӯрд. Мошин гӯё бесоҳиб мерафт.

Мардони роҳсоз овози пурталвосае бишнида, рӯболо нигаристанд. Мошини пурбор ба теппаи пешрӯ бархӯрдӣ чаппа гашт. Ҷавон аз кабина парид, ки тегаи дар миёнашро пахш кард. Хуб, ки мошин гел хӯрд. Доду вояш ҷигарсӯз баланд хест, ки роҳсозон фарозро боло шуданд.

Мошин дар канори теппа чархҳош рӯболо мехобид. Ҷавони захмин базӯр-базӯр нафас мекашид. Аламзадае гирист. Марде манаҳи ҷавонро бастан хост, мӯйсафеде намонд.
– Сабр кун, э мардак.
– Сафедии чашмҳоша намебинӣ?
– Ҷонаш набаромадааст.
– Бе авлод мемурад.
– Осема нашав. Хушаш рафтааст, танаш гарм.

пешина
аз 314
навбатӣ