Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
намебаромад, холӣ булбулакат мехонад-ку.
Ҷавон аз дар баромад. Дар майдон чанд тан ҷумбуҷӯл доштанд. Боз ҳамон Комил аз муқобилаш омада пурсид:
— Саринҷенер чӣ гуфт?
— «Мошина барор!»
— Чӣ бор мебарӣ?
— Тӯйи пахта.
— Ту навкорӣ, хуб, ки омадиву азоби мо халос шуд.
— Мову ту азоба дидаем? «Раҳ дур аст. Тормоз соз кор намекунад. Савобу вуболаш — ба гардани саринҷенер. Худо хоҳад, субҳ ба роҳ мебароям...»
Ҳаво меборид. Мошин оҳиста-оҳиста рафтан дошт. Раҳу рӯ аз майдаборон рӯшан метобид. Сафедорони лаби ҷӯйборҳо ба оҳанги борон ҷумбиш хӯрда, равандагону ояндаҳоро гӯё хайрбоду шодбош мегуфтанд. Раҳи дароз бе ҳамсафар зеб надорад. Рӯмолаки шилшиладори пешорӯ рӯҳашро меболонд. Баъди аз аскарӣ омадани Убайдулло онро Рӯшангул ҳадя карда буд.
Алвонҷи рӯмолаки нақшини шилшиладор ба ёди ҷавон хотироти хушнолудеро бедор кард. Навиштаҳои миёнаи рӯмолак «Р+У=Муҳаббат»-ро риштаҳои сурхосафед зеб медод. Хотираи ширини аёми ҷавонӣ!
Ва рӯмолак пешорӯи бод алвонҷ мехӯрд...
Рӯзи бозгашт аз аскарӣ Убайдулло бо Рӯшангул бегоҳӣ дар лаби чашма вохӯрданд.
— Аҳволат чӣ хел?
— Соз.
— Маро фаромӯш накардай?
— Не.
— Хатнависӣ мушкилӣ меовард?
— Дар миёни мо девор буд.
— Девори шарм ё ноз?
— Шарм.
— Ҳашпаки тайи таппак.
— Ба нигоҳ чӣ мегӯй?
— Роз.
— Баъди се моҳ хостгорӣ меоем.
Модар ду соли дароз чашм ба роҳи фарзанд буд. Дар ин фосила

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё