Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

платинаи мотори мошинашро меҷӯст. Яке ба наздиш челонгар Комил расид ва шӯхиомез бо ин садо кард:

  • Ошно, бисёр меҷумбӣ-а?
  • Зиндагӣ-да, чора нест.
  • Бирав, саринженер корат дорад.
  • Мурвати мотора тов диҳам...
  • Арӯсӣ, ноз мекунӣ, давида бирав!
  • Ҳозир меравам.

Сармуҳандис сигор дуд кардаву аз тиреза майдаборонро тамошо дошт. Нигоҳаш сӯйи боронасту хушу ёдаш сари мукофоти вазорат кӯргиреҳ мехӯрд. Як изтироби ногаҳоние фаро гирифта будаш, ки наметавонист аз он раҳидан. Алфози бадоханги сарвари коргоҳашро шунидан намехост. Ва бори мавҷударо ба нуқтаи таййинӣ расонидан ҳатмист. Ин масъулият бар дӯши кӣ меафтад? Фағонаи дуд ба равзанаи хона мепечид. Аз афташ ронандаҳо ба самти дур бор бурдагистанд, ки ҳуҷраи кориаш камодам буд. Мардак саридастӣ ба ҷавон вохӯрду сари мақсуд омад.

  • Додари ширин, - сармуҳандис рӯёрӯи Убайдулло нишаст, - идораи мо пилони боркашониро нисбати ҳамни давраи соли гузашта кам иҷро кардааст. Агар то охири моҳ вазъият чунин давом ёбад, аз мукофотпулии вазорат маҳрум мешавем. Ба замми ин, мошинҳо вайрон, шофирҳо сарсонанд. Аз яксаду чил шофир панҷоҳтоаш кор мекунад. Таёр шав, ба ноҳияи Панҷ бор мебарӣ. Ҳаштрӯза ҳақ менависемат. Агар дар се рӯз гашта биёӣ, панҷ рӯзи дигар кайф карда мегардӣ.

  • Ака, мошинам вайрон...

  • Раҳ мегардал охир?

  • Ба рафтани раҳи дур дилпур не.

  • Як бало карда ҳамин бора бибар, ки мо мукофот бигирем.
    Он тарафаш — Худо подшоҳ.

  • Дар ними раҳ бимонам-чӣ?

  • Намемонӣ, агар мондӣ, кашида меоремат.

  • Илтимос, як-ду рӯз сабр кунед, таъмираш бикунам...

  • То ту таъмираш мекунӣ, ки думи шутур ба замин мерасад.

  • Дар ҳамон думи шутур кашида меоремаш, - ҳозирҷавобӣ кард Убайдулло.

  • Биё, бо ман ҳафт-ҳашт накун. Рӯзи бекорӣ дамат

пешина
аз 314
навбатӣ