Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Хуб, «райис»-ҷон, зудтарак сиҳат бишавӣ.

— Хайр, то дидор. Салом бигӯ хонагиҳоро. Чор қадам ё камтар гузошта, пас менигараму даст меафшонам...

Аз назди тиреза дур ва аз мардумаки дидагони апаам паноҳ меравам. Ахири ҳафта хоҳам баргашт. Ҳар андоза автобус аз ағбаҳо берун мешуд, хоҳиши панҳаму заифолудаи бемор маро нороҳат медошт: «Оҷамам набарӣ-о. Мон, биистад оҷамам... Оҷамам ҳамши ҷон...» О, Яздони пок! Ман чиҳоро андеша дорам? На! На! На! Ҷавон аст ӯ. Раҳм бикун, ба кӯдакони хурдсолу раҳгардонакаш. Пеши худ китоби «Хайём»-ро фол мекушоям. Ин хирадманди аз «асрори азал» нодон гӯё бо наберааш ҳампаҳлӯсту ба шевани ғамгусорӣ мехонад:

Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст,
В-аз гиряи зор бим садчандон аст.
Аз ҳар миҷа новадори хун аст равон,
Гар ман миҷаро баҳам занам, тӯфон аст.

Ва ҷисми берӯҳи ӯро мебӯяму мебӯсам, фиғон мекашам аз дили садпораам. Пайкарам дарак-дарак меларзад аз тарс... Нолаҳои ҷонгудози модарам шамшер мезанад ба фарқи сарам. Дарди апаамро худаш медонисту Худои мутаъол. Дар сафҳаи навиштаи қисмат фанд мехӯрам. Роҳи дароз ҳамоғӯши ҷисми хунуки апаам, дунёро кунфаякун дидаву аз дидаҳош хун борида, аҷали бадсиғолро нафрин хондаву «тифлаки парпеч»-ашро ҳакиру зор нозида, ахирин ҳамсафариашро бо ӯ дидаву талу теппаҳову ағбаҳоро бигзашта, то рӯи долони худ омад модарам. (Аҳсант ба ин дили бузург, ки натаркида, роҳи дарози дароз ҷисми беҷони дилбандашро мебӯйнд!) Хаёлам мегурезад аз тасвири ин рӯйдоди шум. Мебарандам... саркашолу покашол аз хона берун.

Дар тасвири он рӯзи маҷмуму сиёҳ то ҳамин ҷо тоб медиҳам. Қалам аз миёни ангуштонам меафтад ба рӯи дафтар. Ба ҷои хуруфи хурду калон хунолуда ашк мерезад аз дидагонам болои варақи сафед... Дарду догамро варақхон сафед медонанд, варақҳои сафед, варақҳо...

Ҳар шаберо интиҳояш саҳарест.

Ҳамон вопасини дидор будааст, бо апаҳаки хушлафзам. Равонат шоду рӯҳат пок бодо! Ва дар нафасҳои ахирин ҳар чизаке гуфтааст,

пешина
аз 314
навбатӣ