Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Тавба! Ӯро ку раг ба раг хун ҷаббида, чӣ азобҳое мекашид, боз механдид. Маҳви ғайраташ мегардам. Гӯё мо беморему вай сип-сиҳат. Чунонки дар сиҳатиш бо лутфи зебо ғубор аз дилҳомон мезуду.
Фурӯзонанд чароғҳои шифохона. Оромиш нест пизишконро. Модарам посбони ҷони фарзанд аст. Медонад, ки барои халалрасониш танбеҳ мешунавад, вале меравад ба назди тиреза, гап намезанад, баумед нигоҳ медӯзад. Бачаи бобои Сафоро мековад. Имшаб хобгоҳаш рафтааст. Апаамро чанде пинакаш бурд. Ва модарам лукида-лукида ба «хайма»-и гӯшаи пурхору хас баргашта, болои гилеми даридае амонат мешинад. Банавбат аз бедориву бозҳости беморамон хабар мегирем. Хилъатпӯшонро бародару хоҳар мехонем. Не, Абдуфаёзи Сафо ба хонааш нарафтааст. Наздик мераваму мепурсамаш:
— Нағз аст апаҳаки мо?
— Табъаш чок.
— Таъоми парҳезиш овардем.
— Ҳазм карданаш мушкил. Сусткории гурдаҳо...
— Дидем, ки бисёриҳоро бурданд.
— Паймонашон пур шуд.
— Иҷозат ҳаст ба Маскав бибаремаш?
— Мефаҳмам, гузоштани гурдаи сунъиро дар назар дорӣ. Ҳа-а-а, агар яктоаш аз кор мемонд, кирои саргардонӣ буд. Ва ҳар шаш моҳ пас хуни танашро бояд иваз мекарданд. Хун, ки надовад, кор чаток, дар фосилае рагҳо лахт-лахт лаъл мебандад.
— Пас ин ҷо монданашро чӣ суд?
— Бо роҳи озмоиши гурдаҳои сунъӣ хуни тан гардиш мехӯраду кори гурдаҳои асл барқарор мегардад. Бахт ба рӯи аксарият хандидааст.
Гардиш мехӯрам давродаври шифохонаву аз Яздони пок каромот мехоҳам, ки апаам аз нав рӯи по бихезад. Ғанабашро дида, дар кӯчаҳои хилват меравам ғамнок, вақт мегузаронам. Хобам намебарад. Аз нимтабассумаки холаи ҷорӯбкаш ва таскини ӯ болу пар мебарорам. «Ғам нахӯр, апаат дар як моҳ сиҳат шуда, хона меравад», - мешунавам аз ӯ. Чӣ одами хубе. Аз лутфаш ҷорӯбкашро модар мехонам. Ва бармегардам ба «хайма». Дуртар соҳибони беморашон вазини ҳам шабзиндадоранд. Занҳои ромитӣ дилбардорӣ мекунанд модарамро. Себу нокаш меоранд, ки даҳон тар бикунад. Аммо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё