Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Садриддин омада буд.
— Илҳомак чӣ хел? Намегиряд?
— Ғами ҷонта бихӯр. Нағз будӣ ку, чашмат расид?
— Тарсидам.
— Аз кӣ?
— Говгум буд,— канда-канда меомад овози апаам. Яке духтарчаам давида омаду гуфт: «Оча! Бобом корд гирифта Илҳома сур дорад». Давидам. Чашмҳом сиёҳӣ зад. Илҳомак мегурехт, девона медавид... Ӯ ба хоначааш даромад. Таъоми дастамро дида, дубора берун ҷаст ва...
— Чон духтур, чорае бисоз, сар то поҳот симу зар мерезем.. То вақте ҳастем, хизматат мекунему саломат бимонад,— илтиҷо медорем ба ҳар сафедпӯш.
— Ба марказ мебарем! — боварбахш мегӯяд пизишки аз пойтахт омада, — хуни танро ба воситаи гурдан сунъӣ иваз мекунем. Умеди сиҳат карданаш ҳаст.
Зумраи ёру ошноҳо, шарикдарсон ва қадрдонҳои падарам шаб то рӯз навбат пойидаву соатдармиён хун месупоранд, сипоси нону намак ва одамгарӣ меҳисобанд инро. Ба суханони пизишк умед бояд баст.
Худоё, ҷумла мӯъминро аз даргоҳат ноумед магардон!

Бомдод омодаи сафар мешавем. То таёраи кӯмаки фаврӣ мерасад, ки рӯз сафеди сафед медамад.
Дар ҳоли ғамгусорӣ вақт маҷрӯҳест чигасдор.
Мо се тани ғамзада дар парвозем. Ҷисми дардманди апаам пеши поҳои мо хобида, якзайл нолиш мекард. Аз ларзиши таёра дар гумонам тани афгори модари пирам меларзад. Ба чашмони барахми пуряъсаш назар намефигандам (ӯ бори аввал парвоз мекард) метарсам, ки метарсад. Таёраи сустрави дорупошак ба ҷонам мезанад. Шукр, ки ба дасту поҳош марҳами караҳтӣ молидаанду апаҳакам дарди танашро намефаҳмад, набошад аз бардорузани таёраи бадбӯ дарзҳои ҷарроҳии паҳлӯи шикамаш лат мехӯрд, аҷаб не, меканд. Ҳайратзадаам. Наҳод, барои бурдани бемори вазнин таёраи дорупошак бидиҳанд. Ба чашмони сар медидем, ки аз хоҷагӣ гӯшти чорворо дар таёраҳои озода ба Маскав мебаранд. Аз он

пешина
аз 314
навбатӣ