Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Бас, биё як дам бишин бачам, - аз тараддуди таъомпазӣ бозаш медорад модарам.
  • Оча, дӯгу нони гарма дӯст медоштӣ, - баханда мегӯяд апаам ва чеҳраи ӯро соз намебинем, ки берун меравад.
    Ҳанӯз як пиёла чой нагирифтаем, ки хушдоманаш медарояд. Ба нӯки ангуштон вархӯрда, амонат менишинад. Ва набераҳояшро, ки омадани моморо шунида, давида меомаданд, сиёсат мекунад:
  • Гум шавед, сагираҳои наҳс!

Набераҳо сару рӯ ва пиҷҷаҳои модарамро мебӯянду момо аз ишонро. Апаи ба алфози бади хушдоман ошноам парвое надорад. Муҳит чашми одамро мекушояд. Рӯзҳои навхонадорӣ бо аломати чилавгирӣ чойникеро ба сари арӯс бардоштаву ба замин зада мешканад. Дастархони пур гӯё соҳибхонаро бе корд мекушад. Арӯси калониш — зани Карим, ки як хона пойинтар мезист, сар халонда, барои шакароб се дона пиёз мепурсад. Апаи покниятam ҷошиби дар меравад, ки хушдоманаш бонг мезанад:

  • Кассеро мепурсӣ?! Аз куҷо пиёзаш медиҳӣ? Ана, пиёз дар бозор. Хонама ҷазир кардай!..

  • Хола, як гӯшаи пиёзҳои болохона пӯсидааст. Се донакакаш медиҳам, - хушдомани якравро сари накӯкорӣ мекашад ӯ.

  • Мон, пӯсад, намедиҳамаш, гап дорӣ?!
    Модарам пешонаашро мемолад. Одамро ба одам дӯст намебинем дар ин хона. Гӯё ҳар кадом аз мулки дигар омадаанд. Чаро забонро ба лутфу эҳсон намепарварем? Ба як бурда гӯшти лаҳм асабҳоро бозӣ медоронем. Пешорӯ занаки сияҳрӯро не, масъули шӯъбаи маънавиёти рӯзнома Ёдгори Заҳиринакро медидам, ки варақаҳои ба хуни дил навиштаамро бе сӯз, сар-сарӣ хонда, шаш моҳи дароз медавонадам. Ахиран, варақҳоро ба дастам дода, қаламамро камқувват, забонамро бешираву суст мегӯяд. Пасон фаҳмидам, ки ӯ ба дунёи муқаддаси адабиёт тасодуф омадаву бо каҷназаре риштан маҳалгароӣ пайваста, ба чаманистони сухан бедард менигарад. Ва дигарбора маро имтиҳон мекунад.

  • Эҷоди Толстойи бузург, Шекспир, Стендаль, Ромен Роллан, Айтматов, Распутин, Юрий Аргамоновро хондай?

  • Ҳа, каму беш хабар дорам.

  • Пеш аз нависандашавӣ ҳамин ситораҳои насрро биомӯз, мисли онҳо бинавису биёр, чоп накардем, айб тани мо.

  • Соя будан намехоҳам!

пешина
аз 314
навбатӣ