Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Симояшро дида, аз раъям мегардам. Ман зиндаву модарамро биранҷонанд? Не! Як тори мӯяшро ба ҳазор-ҳазор зан иваз намекунам. Апаву хоҳаронам лаб фурӯ бастаанд. Зани бенури лоғарандом модарамро сиёсат мекард. Мешармидам, меваҳмидам, анқариб метаркидам. Илоҷе набуд охир, модар сӯям лаб мегазид: хомӯш бибош!
Мурғфарёд аз овози гӯшнавозаш бедор мешавам. Хаёле хешро хобида меангорам, ки садои ошно такрор биёбад. Аз ҷон зиёда дӯст медорам овояшро, нидояшро, симояшро. Ин овоз худ зангулаи ҳаёти ман аст. Дар хонаву раҳу рӯ пайваста ово мекунам, ба каломи носеҳонааш бештар дил мебандам.
Мехезаму дасту рӯ шуста, дастархони густурдаро мебинам, чинии ширкаймоқ муҳайёст. Ва модарам ниниро дар бағал бӯ кашида, гӯё ҷӯҷаҳаки кабкро ром мекунад. Кабкчӯҷа чӣ, ҷону ҷигарашро бардошта мегардад. Нини чанде қомак мезанаду мехобад. Момо Алиҷонро ба гаҳвора баста, дар ҷумбиши он аз синаи моломоли орзуву ҳавасҳо мехонад:
Кошки, зудтар калонак бишавӣ,
Дастёри момаҷонак бишавӣ.
Тоҷи сарҳо — паҳлавонак бишавӣ,
Алла мегӯм, алла-е-е-е...
Алла мегӯм, алла-ё-ё-ё...
Ҷону ҷигаракма хобаш бара-е,
Файзи саҳаракма хобаш бара-е,
Нозбардоракма хобаш бара-е,
Алла мегӯм, алла-е-е-е...
Алла мегӯм, алла-ё-ё-ё...
Дар бозгашт дилам намешавад оҳанги бардавоми суруди форамро бишканам. Чӣ гуворост, шунидани ин оҳанг. Ниниро аз афташ хоби ноз бурдааст, ки овози модарам паст-пастак ба гӯш мерасад. Ва дар остонаи дар лаҳзае хаёлмандона меистаму мегӯям:
- Хайр, оча, ман рафтам!
- Пеши қорат кушодаву душманот пиёда бошад. Солеҳ бираву болиғ биё. Худо ёрат бод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё