Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
— Патоник-паёмбари арвоҳ, ба ҳар хона намеравад.
— Даркорам нест ҳамон арвоҳ.
— Ҳе, касрате. Нони гандум надорӣ, забони мардум надорӣ?
Писарак Худоро на ба ақл мешинохт, на ба дил. Самари ҳама кор гӯё аз ашк аст. Бигиряду бигиряд, шабпараки ғайбзада дар таки санг бошад ҳам, парида меояд. Гиря андӯҳ мекорад. Аммо садои ӯ то беруни тиреза расида, дар торикистон мегусаст, мебурдаш бод ба ҳар кӯс.
Бале, дар нерӯи ҳофизаи момо дунёи бепаҳно соҳиб дошт. Амали носавоб аз коҳилие рӯҳ мезанад. Намефорадаш, балки безор аст аз дидори бадаъмолон. Бойси рӯшодгӯӣ арӯс нағзаш намебинад, гургоӯсфанд зиндагӣ доранд. Ормони пиразан буд, ки хушдоману арӯс мисли модару духтар бошанд. Ба хушдоманаш умре беминнат хизмат карда буд. Ҳини панҷ вақт намози ӯ офтоба пури оби ширгарми таҳорат рӯи дастон бардошта, батаъзим наздаш мениҳод, ҷойномазаш мепартофт. Ӯро хушдоман не, як модари қиёмати хонда буд. Оре, модараш буд: сари худ ё фарзандонашро дард мегирифт, аввал ӯро медид, на модари аслиашро. Ҳар гаҳе чордардаш мезад, момаи тифлаконаш ӯ буд. Сари мушкилоти рӯзгор ӯ раҳнамоиш мекард. Кӯзаро гирифта ба лаби чашма ва ё сардоба, баъзан ҳамсояшинӣ мерафт, дилпур буд, ки хонааш тинҷ аст, кампир то омадани ӯ кӯдаконро мехӯроиду мехобонд. Агар яке ба гирди дастархон ҳузур намедошт, аз гулӯи дигарӣ об намегузашт. Хулласи калом, ҳар андоза бихоҳӣ, дуъо гирифта буд. Афсӯс, барору нобарори одам аз дуъогирӣ ҳам набудааст. Чӣ некие ба ҷавонзан раво дида, ҳайрон мешавад, ки дастонаш бенамак будааст? Одамизода баркасди шабпарак писаракро мезанад? Не, надорад тоқати ингуна дардро.
Писараки хастаро аз гиряҳои бенатиҷа хоб ғолиб омад. Ва дар фосилае рӯъёи зебо дид: шаби ширмахтоб, ӯ думболаи шабпараки сафедбол, дар маргзор давидан дорад. Чунон масрур аст, мағрур аст, ки худро, моморо, дунёро фаромӯш кард. Менамоядаш, ки паҳнои олам барояш танг аст, ӯ ба ин олам ба бозидан ва нозидани шабпарак омадааст. Мефорадаш парвози ӯро бибинад, дар парвозаш ҳаловат бибарад. Ва ӯ низ ба осмон пар кашад, сӯи ахтарон даст бияфшонад. Сӯи одамон ҳам. Ҳамболи шабпарак дар шукуфаҳои ниҳолакони пурмева биншинад, аз гулашон бичинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё