Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
– Ба овозшон ошно набудӣ?
– Беовоз, сиёҳтоб омаданд бачамурдаҳо.
– Набуд муқовимати аъле?
– Ҷон ба ҳама ширин.
– Кӯҳистон пурхатар шуд, бобо.
– Ҳа, Худо аз бандаҳо рӯ гардонд. Мо дар худкушӣ устоем.
– Тадбир чист?
– Ғамшарикӣ.
– Обу нонамон заҳр. Оштиро мунтазирем.
– Бибин, дар дами пирӣ – дарбадарӣ.
– Сарнавишт азалист ё далелӣ?
– Маликулмулики даҳр хати зиндагии моро дар батни модар бинвиштааст.
– Чаро ин қадар ғам у дардмон бахшида?
– То ки гуноҳҳомон бирезад.
– Чӣ зайл тоҳир бишавем?
– Каҳе парҳезгори бадӣ бошему намозӣ бигардем.
– Дар хонаи мо биист, бобо.
– Одами пира нозу нузаш бисёр...
– Мо аз дуои калонҳо баракат ёфтаем, – муддао гуфт Ҷамъиямоҳ. – Хизмат ба пирон – амали савоб.
– Дар рӯйи банури Шумо чеҳраи ошнои ҷониам Камола мебинам.
– Як сарпаноҳе, ки ба авзои худ бошам.
– Хонаи поина сафед карда ба ихтиёратон вомегузорем.
– Не, дарди сари Шумоҳо мешавам...
– Одам бо одам зиндааст. Ҳамроҳи мо биист...
– Илоҳӣ, дар ду олам сарбаланд бошӣ, – пиракӣ аз сурури беҳад ба ваҷд омад.
... Вазир оҳ кашид, пайкараш ларзиш хӯрд, сӯхт ҷигараш ба ҳоли бенавоёни кишвараш. Ку адофаҳмеву маънирасе? Ку пуштибоневу дилогаҳе? Ку ҳамон соҳибдевони боҷасорат, ки ҷомеаро ба тамаддуни бостон бикашад? Ҷаҳолат ба дурӣ хостан аз аслу насаби зотӣ бунёд гузошт. Ва, нигоҳаш ба тасвираи барӣ девор мегуфт:
« – Ай ватандори Оли Сомон! Шуморо нерӯи худовандӣ сари тахт ба бахти мо барниҳода буд. Анқариб як асри тамом дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё