Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
— Ки? Ман, гӯ-ӯл? Ваҳ-ваҳ-ваҳ! Ба ту доллар медиҳам, нозу нуз дорӣ? Ихтиёрат, наой, ба беваи Ҳамида ҳадя мекунам.
— Кадом Ҳамидаро гуфт?
— Э, ҳамон занаки сиёҳмазанги рафидарӯи бӯчкамиёни бинӣпаҳнӣ саговози чашмҳош гитлерсурате, ки ҳамсояҳоро ба дод овардааст. Шавҳараш даҳ сол пеш ҷони худой гуфта, пиҷҷакашро гирифта гурехта буд.
— Ойӣ, зани хӯшру дорӣ-ку! — садо омад аз ҳамон ошёна.
— Хола, сара вайрон накун, ҳозир мепарронамат.
Атрофиён медонистанд, ки ҳамсояи навомадшон тоҷир аст.
Ҳафтае як бор, аммо маст меояд. Дар камарбандаш тӯфангча намоён, ҳампахлӯ долараш мегардад. Аз тарси ҷон касе ба ӯ чизе намегӯяд. Дӯстдори тоҷир аз тапнов сӯи дар меҷаҳад ва бо хохараш Азимро кашон-кашон то хона меоранд.
Чанд рӯзе, ки Азими тоҷир дар меҳмонии занҳои баъдинааш мегашт, хобгоҳиён осуда нафас мекашиданд.
...Абӯхайр Меъроҷиддин аз мугамбириш вонараста, дар хонаи сукут меништ. Хомӯширо бобои Абдусаттор шикаст.
— Хуш омадӣ, хайрият, мӯйсафедора ёд мекунӣ.
— Ҳа, зиндагӣ... — бепарво гуфт мардаки хостгор.
— Ин қадар солу моҳ бедарак будӣ?
— Кор, даводав, ба ҳичкӣ намерасӣ. Зиндагии Ҳарамгул соз нашуд?
— Сиёҳбахтӣ навиштаи қисмат будааст.
— Мо омадем, ки бо шумо хеш бишавем.
— Ба шарте ба хешӣ қабулат бикунем, — пиракӣ меҳмонро шарм доронд.
— Боре котиби Музаффар пеши Автандили мо Ҳарамгулро таъриф кардааст. Бача ошиқи зор... Бигӯ, чӣ мефармой, марди нек?
— Худоро зориҳо мекунам, ки духтари берӯзӣ ҷойи дилпуре бошаду ба муроди дил бирасем.
— Омин.
Ба Абӯхайр Меъроҷиддин сӯҳбат намефорид. Дар мағзи ӯ меҷӯшид, ки хости дили бобо маблағ бипардозаду арӯсро бодсон бибарад. Мӯйсафед аз сурхии нонҳо чашм намеканд. Нигоҳаш ба рӯи меҳмони сиёҳпӯш лаҷжид. Нони сӯхтаро мемонист. Пиракӣ оҳиста гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё