Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Алаф то зону дамида, сангҳои хурду калони лаб-лаби он сабзгуна менамуд. Ошноҳо садо доданд, ки Шоҳвалӣ бозиро бас кунад. Кафтаракро бозӣ мефорид, ки дасти Шоҳвалӣ ба боли ӯ мерасиду намерасид ва ба даври ҳамғаҳ аз санге ба санге меҷаст. Ахиран, ба рӯи кӯрпаи алафи даҳони гор по монд. Бозии Шоҳвалӣ ба дили шарикдарсаш Тагаймурод ваҳшат мезод.
— Шоҳвалӣ! Бозиро бас кун!
— Кафтара бигирам.
— Ба ҳамғаҳ надаро, фаҳмидӣ?
— То зебояка накапшам, намебаром.
— Сад нобудаш, баро, хона меравем. Баро, Шоҳ...
— То кафтара накапшам...
— Гул чидем, бас. Баро-о...
— Шоҳвалӣ! Шоҳ-ва-лӣ... Шоҳ...
Шоҳвалӣ аз чашмҳо паноҳ шуд. Ёрон дар лаби мазраи сабз питизор истоданд. Кафтари сафед буд ё парӣ, ҳарчӣ буду набуд Шоҳвалиро бо худ бурд. Дар ҳамғаҳе, ки чепи обмӯрӣ сӯрох дошт, одам гунҷид. Овозҳоро дармекашид гор. Ошноҳо мунтазир буданд, ки Шоҳвалӣ аз таки кӯрпаи сабз рӯболо меояд, кафтар сари кифт. Бапайдо наомад Шоҳваливу надиданд кафтари сафедро. Ҳамрӯяи гулшӯн дар нигоҳи ёрон аҷдаҳо тобид, ки ҷониби таҳдишт саркану поҷан давида мегуфтанд:
— Шоҳвалӣ дар гор ғалтид!
— Кафтари сафед бурд ӯро!
— Парӣ бурд Шоҳвалиро...
— Думболаи кафтари сафед рафт ба гор!
— Мардум! Ба ҳами Кафтар бароед, биёбед Шоҳро!
Марду зани овораи киштукор бовар накарданд. Каланд аз дастони гулӯзорон афтид. Ҷавонмардони баномус белу зоғнӯл бардошта, ҷониби ҳамғаҳ давиданд. Холаи Зӯҳро сар ба дару девор мезад. Села-села хурдсолон ба пушта мехазиданд. Солмандон маслиҳат доданд, ки арғамчини дароз биёранд. Афғон Сайидӣ паҳлавон вориди гор шуд. Ҳеле истод. Ҳарчанд ин сӯву он сӯро палмосид, нашнид садоеву бандро ларзонд. Арғамчин дар боло, ба даври устуни оҳанин гиреҳ буд. Афғон Сайид ба танаи он часпида баромад. Ҷавонмарди бачигаре сар ба гор ҳаст, бесуд омад. Мошини заминкане лаб-лаби горро тарошида, як мардаки рус кал-кади арғамчин фуромад. Рафту рафту рафт, дуру дароз кофту кофту

пешина
аз 314
навбатӣ