Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
буд, ки зӯрашро нимазанон ба пайроҳаи кӯҳӣ часпид. Авзоашро парешон дида, пурсидамаш:
— Нашнидӣ овози маро?
— Ту ҳам як вақте фарёд мекунӣ, ки...
— Дар ғубори дара гум кардамат.
— Паймонамон ба дасти наққоши азал, — Малах чолок худро ба кабина гирифт ва паҳлӯяш чафс шудам.
«Саманд» аз ҷой наҷумбид. Ба такконаш зӯри ду тан намерасид. Киро ба ёрӣ бихонем? Бо ҷамъи нерӯ зӯр мезадем, ба гуфти соҳибаш «балои Худо» намеҷумбид. Хуб, ки раҳгузарони навомада ба чархҳо кифт монданд.
Кӯҳистон буду мо будем у «саманд»-и сустрафтор.
— Аҷаб омад овозат! — аз хомӯшӣ вораст Малах.
— Кай?
— Ҳини дар ҳамғаҳ буданам.
— Бад рӯ фарёд кардам?
— Не, овозат ба касе шинос буд.
— Ба кӣ?
— Ба Шоҳвалии бобои Исо. Медонӣ чӣ хел гум шуд?
— Харковӣ рафту наомад.
— Э, гаранге, ӯ дар гор ғалтид...
— Дар го-ор?...
— Ҳа, бенишон рафт.
— Ҳикоят бикун, бачаи бобо.
... Арӯси сол кӯҳу пуштаҳоро сабз медошт. Аз деҳаи Када ҷавонони навҳат ба гулчинӣ рафтанд. Шоҳвалӣ паҳлавон буду шӯх буду гулпараст. Духтарҳо ба ӯ ишқ мебохтанд, аммо ҳеҷ кадомеро бад назар намекард. Ва ҳар баҳор гулҳои сияҳгӯш овардаи Шоҳвалӣ баногӯши паривашонро зеб медод.
Дар ду тарафи кӯҳи Сардиҷ пуштаҳо монандӣ кӯҳони уштур барибабар истодаанд. Алафу гиёҳҳои шифобахши ин ҷой ба ҳазору як дард доруст. Ҷавонҳо пуштаҳоро гузаштаву ҳарҷо-ҳарҷо гул чида, ғазалхон мехамбанд ба даври гори Кафтар. Селаи кафтарҳо пешопеши онҳо қанотак мезананд. Дар гирудори бачаҳо села парида рафт, ба ҷуз кафтаре.
Ҳаво нарми бехуршед буд. Шоҳвалӣ аз ёронаш ҷудо, ба думболи кафтар қадам ба қадам парида мерафт. Ҳамғаҳи гулпӯшро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё