Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

бар заъифон рӯҳаш мешикаст. Орзуе дошта: баробари соҳибакаш по бимонад. Аз худу дунёи худ безор буд.
Ва дунёи сагона пеши назараш мечархид. Ба гӯшаи чашм даромадгоҳ ва посбонро меҷӯст. Ин ду гӯшаро бодиққат дидбонӣ мекард.

Шабонгоҳ, вақте ки сагҳо аз чаққиш каме бозмондаву посбони паканаро хоб ғолиб омад, оҳиста-оҳиста пеш мерафт Шарики Гулӣ. Чароғи хонаи посбон хирасӯз буд. Ғиҷирроси кати чӯбин раҳи ҳаракаташро баст.
Паси бӯчкае истод. Маҳтоб маҳзун буд. Саг пастакпастак омада ба таки дари оҳанин сар хаст. Нағунҷид.
Рӯ ба Маҳтоби ғамгин, паҳлӯтари дар хазид. Фосилаи девору сутуни оҳанини ба дарвоза насб васеъ набуд, вале саг ба ҳилае рост хеста, аз масофаи паҳнтар сарашро даровард. Ду пойи пешаш ҳам гузашта буд, ки санги ғелон ба санге бархӯрд. Тарсид, шикамашро дарун кашид, тоб хӯрд ва бехуддона пеш чаҳид. Аз деворҳои симхоргуна раҳо хӯрд. Ба пасаш нангариста тирвор гурехт. Посбони хоболуда чашмонашро молидамолида нимхез шуд, аммо дарвозаро баста дида, кӯрпаро боз ба сараш кашид.

Саги орзуманди ҳавои беғубор кӯҳ ба кӯҳу пушта ба пушта медавид. Дар нигоҳаш Маҳтоб низ медавид.
Охир аз шасти тезаш пиёда шуд. Расид ба маконе, ки хуни нофаш ҳамон ҷо рехта буд. Гирдогирди бошишгоҳ як давр заду лаҳзаи чӯяҳои холӣ аз пахтаро бӯ кашид.
Вазнину сангин аст, қисмати сагон. Куллашон зодгоҳгумкардаанд.

Шаби тӯлонӣ буда, шаби саги даргурез. Раҳи ӯ ҷониби шаҳр мерафт. Ахтарони охирин мегӯӣ ҳамроҳиш мекарданд. Аслан бехотира будани саг шояд ғалат аст.
Соҳибакашро пазмон, мековад-ку. Ин аломати вафодорист. Сагвафои занҷафояш ҳамин-да. Кӯҳ ба кӯҳу пушта ба пӯшта, лашкари шабро кушта-кушта, тарс ба рагу паяш оғӯшта якзайл давидан дошт, саги пир

пешина
аз 139
навбатӣ