Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Бите ба дасти гулгардон,
Баҳори нав муборак бод!

Насимаке овози даҳмардаро рӯ-рӯи гиёҳҳо мебурд, чун ҳадяи наврӯзӣ. Мирзораҳим аз сидқи дили саршори орзуҳо баландтар месуруд:

Гули сияҳгӯш ҳафтрангай,
Хӯроки кавги дилтангай.
Ҳамеша дар сараш ҷангай,
Баҳори нав муборак бод!

Гул овардем ба меҳмонӣ,
Ту қадри гул намедонӣ.
Агар донӣ, намехонӣ,
Баҳори нав муборак бод!

Ва ин лаҳза гӯё лаълие пури савғо Рухсора пайкари нозукниҳолашро ҷунбон-ҷунбон бадар меояд. Ба чеҳраи гулгардонҳо нигоҳи пурмеҳр медӯзад. Лабони ақикрангаш ғарқи табассум. Аз чӣ бошад, ки Мирзораҳим нисбати ӯ нигоҳи харидорона дошт, ошиқи шайдо гашта буд. Шарораи ба олангӣ печидаи он ишқ то кунун дилу дидагонашро гарм медорад. Раҳбараҳ як қабза гули сияҳгӯш чиду ба даври саллаш баст! Роҳи морпеч ба зудӣ охир намеёфт. Пойҳояш бегона барин, ким-чӣ хел карахтнамо. Ҳамеша аспсувор мегашт, аломаташ ҳамин. Ба ёдаш асп омад, ғӯсса хӯрд, ки чаро Мушкро ҳамроҳ наовард.

Аспакӣ мебуд, ба як дам ин роҳи дарозро тай мезад. Не, Ҷумъа бе асп маззаро аз қайла мегузаронд. Вай ҳоло бача, таҷрибааш кам. Бо асп рамабонӣ осонтар аст. Ба тазаррӯъи хоҳараш як сол боз онон кӯҳ ба кӯҳ мегарданд. «Даҳмардагӣ ҳам ҳунар аст. Хоҷагии халқро пеш бурдан даркор...» — гоҳӣ аз даргоҳи

пешина
аз 139
навбатӣ