Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
рамузфаҳм дар лаҳзаҳои пуртаҳлука низ соҳибашро пурсабру хуштамкин медид. Тозиёна намебардошт ба сари вай Мирзораҳим. Оҳистаҳак маҳмезе мезаду Мушк ҳам мисли бод мебурдаш, чунонки «об дар шикамаш намечунбид». Акнун бошад, аз интизорӣ пойҳои асп об фуровард, ки нигоҳашро аз болои дара кӯчонд. Хавф бурд, ки ҳодисае рух додааст, агар не, соҳибаш ӯро танҳо намемонд. Ва ӯ тасмаи пуштангро хеле баэҳтиёт кушода, зину рикоб ва мӯлаҳоро оҳиста ба замин мегузошту бо навозиш дар гӯшаш паст-пастак ғутғут мекард. Ба ин меҳрубониҳо хӯ гирифта буд асп. Аҷабо, чаро афзори пушти вайро саросема сабук гардониду дам назада бирафт? Мушк заминро бӯкашон ба чаҳор сӯи дашт медавиду ёл меафшонд. Пай бурд соҳибаш дар ин наздикиҳо нест, ҷониби рама нигоҳи ашколуда кард. Дунёи рӯшан пеши чашмони асп торику ҳавлангез метобид. Дарди дили аспро худи ҷонвар медонисту бас.
Даҳмарда барбари кӯҳ гулҳои сияҳгӯш дида, ҳавасаш омад бичинад. Даҳ баҳор мешавад, ки сияҳгӯшро дар даštu ҳомун нахуст ӯ истиқбол мекунад. Ҳолиё аз дидани ин пайки баҳор беандоза шод гашт, рӯҳан албатта. Чи фараҳфизой буд, аёми гулгардониҳо! Дареғо, даврони бачагӣ бозгашт надорад. Вай аз рӯи гулҳои сияҳгӯш чашм наканда, ба ёди даврони гулгардониҳош бо як ҳиссиёти нишотбахш ва овози саҳл кашишдор, ширин-ширин саройид:
Гули сияҳгӯши серӯза,
Миёни гандуму ғӯза,
Дилуш бар мо намесӯза,
Баҳори нав муборак бод!
Гули сияҳгӯши қошгардон,
Тавақ пур куну даст гардон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё