Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
— Хешу табор боафият ҳастанд?
— Бад не, ба Шумо салом гуфтанд.
— Илоҳӣ тансиҳат бошанд. Хонаи мо рафтӣ?
— Ҳо, рафтам, тағо.
— Рост бигӯ! — нобовар нигарист даҳмарда ба Ҷумъа. — Ту бачаи танбал метобӣ-а. Хайр, ки рафта бошӣ, ку бигӯ ба нинӣ чӣ ном мондаанд?
— Дидӣ, нарафтай, боз дурӯғ мегӯй. Ба ту кӣ дурӯғгӯӣ ёд дод? А? Ҳой бача! Дурӯғгӯ ба мақсад намерасад. Зеро, умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Не, ту айбе надорӣ.
Дар маъракаҳо кам шиштай, ба сафеду сиёҳ фарқ намегузорӣ, бачаи хомӣ. Зиндагӣ туро нахелидааст. Э, ҳушам ба дигар ҷо рафт. Ба занак гуфта будам, ки ниниро Афзал ном бимон, фаромӯш накарда бошад, хубда. Афзал — номи бобои модариам. Мегӯянд, ки думбуранавози номдор будааст. Номи бобом зинда монад, нағз. Нинӣ раҳгардак шавад, иншооллоҳ барояш думбурача мехарам, оҳиста-оҳиста ёд мегирад. Ҳар гаҳе овози думбураро бишнавам, сурати пиронаи бобом пеши рӯ меояд. Ёдат бахайр, бобо! Илоҳӣ, пешгоҳи охиратат рӯшан бошад!
— Холаам гуфт, ки нинӣ сурхак баровардааст...
— Чӣ-ӣ-й?! Сурхак! О, сиҳат буд-ку, наход якбора...
— Мирзораҳим, ки акнун соҳиби писар шуда буд, аз ҷо як қад парида хест, даст ба пешонӣ зад. — Эҳ, бачаи хом-е, напурсидӣ духтур бурдандаш ё не? Маълум, ки аз даҳони зоғ шунидай-а? Мо дар синну соли ту чунон ҳушёру чолок будем, ки ба човандозони номӣ буз намерасид. Ту бошӣ, додарчаатро надида омадай, айб.
Медонам, аз мактаби олӣ ғалтидӣ, дар кӯча гаштан шарм аст меояд. Нағз хондан даркор буд, нағз! Дидӣ, бачаи бобои Абдулло, ки шабу рӯз аз китоб чашм намеканд, имтиҳони профессорҳоро бо баҳои «панҷ» супоридааст. Бе заҳмату бедорхобӣ илм намегирӣ, олим намешавӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё