Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
бозии ёлҳои тиллоранги асп. Суми пойҳои ӯ рӯи хок «гулафшон» мерафт.
Воқеа ин зайл рух дода буд.
Офтобпаропар даҳмарда рамаро ба ҳамвории сералаф ҳай карда бурд. Дар гӯшаҳаки хиёлаш майли деҳаравӣ набуд. Бозгашти шарикаш Ҷумъа аз Девдор зоҳиран ӯро хотирҷамъ кард. Азбаски нисфи гӯсфандон лаблаби чар мечариданд, Мирзораҳим бо ӯ саридастӣ вохӯрду «баъд чақчақ мекунем», — гӯён лаҷоми аспро ҳамон сӯи чар гардонд.
Баъди ношто Мирзораҳим рӯи сабзаҳо каҷпаҳлӯ зада, оҳиста сар боло карду гуфт:
— Ҷумъахон, ба Худо, фаромӯшхотир шудам-е, дар деҳа чӣ гапҳои нав?
— Тӯйи духтари бобои Зикира хӯрдем. Дина бегоҳӣ Намози бачаи Партов аз аскарӣ омад, дидорбинӣ рафтем. Яке аз гузари Тор овози баалами гиря шунидем: момаи Кибриё қазо кард. Дигар на базм шуду на бозӣ... — пеш аз пиёлаи чойро сӯи тагояш дароз кардан посух дод Ҷумъа.
— Оббо-е, кампири Кибриё аз дори дунё рафт, бигӯ? — пиёлаи чой хиёле дар дасташ ларзида, оҳи ҷигарсӯз кашид Мирзораҳим. — Худо раҳматаш бикунад, одами хубе буд. Эҳ, чандин соли ҳамсоядорӣ ёд надорам, ки касеро ранҷонда бошад ӯ. Ба ними мардуми деҳа ҳаққи момагӣ дошт. Оҳ, кадбонуи пурхунар буд. Э-эй, оқибат доғи дилашро ба хок бурд: безурёт, ки буд, дар нохуни фарзанд умраш хазон шуд. Уф-ф-ф, «хок аст охир, анҷоми одам!»
Хомӯшии лангардоре ба миён омад. Даҳмарда ба гӯшаи дури осмон нигариста, гӯё аз кадомин қабати он шабаҳи кампиракро меҷуст. Кӯки чашмонаш канд. Ва дар самои хиёл хеле сайр карду сурати кампир ҳам аз пеши дидагонаш ғайб зад, ки рӯи ҷониби Ҷумъа гардонида, овозаш гирифта гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё