Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ташнайи хунӣ?!
— Ҳо, ташна ба хуни ин қавмам!
— Чаро аз хун носерӣ?!
— Шиора фаромӯш кардайӣ?!
— Росташа гӯям, дар оҳанги думбураи ӯ марги падарам пеши рӯ омад, ки болойи дастонам ҷон дода буд, — андешаманд гуфт ФузайЛ.
— Хонасӯхта чӣ ҷодуйе кард, ки мани сангдил ҳам аз раъй баргаштам, — бедимоғ тақвият бахшид сухани саркардаро суворе.
— Ба чӣ ваҷҳ?!
— Яккаву ягона писари гумномам хиёл дуздид, ки дар кӯйи ғарибӣ, рӯтофтаи даргоҳи падар, кӯҳ ба кӯҳу биёбон ба биёбон, сарсону саргардон, пойлучу сарлуч мегардад...
— Хайрбодаш аламнок буд, худро базӯр доштам, — иқрор кард аспакии охирин.
— Деҳаи рӯбарӯро ғасб мекунем?! — шамшер аз ғилоф кашид Ғаюр. — «Не» гӯйед, ҷудо мешавам.
— Пас бигард! Кифоя! — озурда фаҳмонд пешрави силоҳдорон.

— Номардҳо, — оҳиста гуфт Ғаюр шамшер ба ғилоф андохта. — Ба тинптинги ҳофизаке аз роҳ гаштан-а! Садқаи номи босмачӣ шавед! Шумоҳоро паррондан даркор!
— Қаллаи хара иззат кардӣ, худаша аз табақ ҷар мекардааст. Зӯр бошӣ паррон, хунхор! — аламаш рӯ зад ФузайЛрову сӯйи Ғаюр асп гардонд. — Пар-ро-о-он, занғар! То ту аз саф набаройӣ, пеш намеравем! Соята набинам, бузриши ваҳшӣ!
— Чӣ алов мегирӣ, хӯҷайин? — аз гуфтори дағал паст фуромад аламзада. — Ҳофиза накушем, олиму маълима нест накунем, чӣ даркор будайем?! Дунёра саводноко ҷазир карданд...

пешина
аз 139
навбатӣ