Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Оҳанг, сарводааш ору нанг, дар шинғаи ларзонаш, пориса шуд вайронаш, карданд ӯро овоза; мерафтааст ҷаноза, дар дунёи чоррӯза бигрифта ҳаме рӯза, ришкалтаи фиребгар, шайтонаки ҳилагар, дар маҳракаи кишвар, ӯяст бузи бозингар. Ай бас ба итоб омад, нодида шитоб омад, ба раҳти муғулсурат об омаду об омад, як тӯда сувори зӯр, бо ҳамҳамаву мағрур, ранги сияҳи беша, бегонаи аз реша, ӯро зи лаби Панҷрӯд, вақте ки бихонд суруд, чашмош буду мавҷи об, дар сурати авҷи хоб, аз гардуни қаҷрафтор будаст ҳаме безор, гӯё ки ба кӯҳи Тур, дардода дастаи нур, доштак ба Худо зора, аз хел-хели ангора, савте буд пур аз хоҳиш, ҳам хоҳиши пурнолиш, ӯро ба заъфи пирӣ, бурданд ба асирӣ.
Думболи аспи хушёл, шуд кафтараки беҳол, бигрифт саманд хеза, ҳамқисмати гуреза, думбура бесадо монда, дар коми бало монда, соҳибаки берӯзиш аз ҳангу сано монда, фарёди ҳамӯшиаш мерафт ба рӯйи баҳр, афсонаи хайрбодаш мехонд ба гӯши даҳр».

Оҳанги печидаи розу ниёзҳо ба дилҳо чанг зада, ғамдоронро, на, ҷумла мӯъминонро тасаллият бахшид.
Хайрбоди Карими Шуш ба дили босмачиёни хунталаб раҳм андохт, ки оҳиста силаҳ фурӯ бигзоштанд. Ва ба касе кордор нашудаву лаҷоми аспҳоро пас гардонида, аз деҳа бадар рафтанд. Шояд тез бурун омаданд, ки ашки чашмҳонона ҳич кӣ набинад. Охир, ишон ҳаётан касеро набахшидаву сари тавозӯъ низ надоштаанд, хм, пеши касе нагиристаанд. Маслаки хуношомӣ бори аввал шикаста шуд. Оҳанги ҳунар ин замон болои сарҳо буд.

Муштоқони фалакиёт фармуданд, то Карим аз дарду доғ бинавозад.

— Ин чӣ кори кардагемон?! — хурӯшид муғулсурати беқарор бар сари Фузайл.

— Ҳа-а-, чӣ шуд Ғаюр?!

— Бояд хун дам мекашидем, ху-ун!!

пешина
аз 139
навбатӣ