Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
оҳанги шеворо шикаст. Думбуранавоз ингуна сурудан дошт:
Ғамнокаму аз мулки ту беғам нарава-а-ам,
Ҷуз шоду умедвору хуррам нарава-а-ам.
Ҳаргиз навбувад ҷуз ту кариме ба ҷаҳо-он,
Навмед касе нарафт, ман ҳам нарава-а-а-ам...
Мехонду сароҳангаш мегирист. Ту гӯй ғурра-ғурра ашкаш ба дарё мерафт. Акси хуршеди амвоҷи рӯд нури чашмонаш рабуд. Дарё талотум зад, хурӯшид, ба ҳадде, ки ба сару рӯяш зарраҳое пош хӯрданд. Аспакие ба ҷойи салом хам шуда, ба пушташ тозиёнае фуровард:
— Ҳа-а, ошно, ба он тараф мегузарӣ?!
— Не, дарду ҳасрате хондам, — аз сӯзи зарба оҳ кашид ҳофиз.
— Чӣ ҳасрат дорӣ, пир?!
— Меҳргумкардаам...
— Э, ин девона будааст ку! — сувори бодӣ гӯё аз кӯра буз мегирифта бошад, ба сари мардак асп давонда, тозиёнаи ғазаб фуровард.
Чашмони ҳофиз шаб зад. Ба пиндоре, рӯди Панҷ варо ба комаш даркашидаву ҳарчӣ почак мезанад, соҳил дур аст. Набидонист аз худ раҳидан. Силаҳдорон пора-порааш сохта, тӯъмаи моҳиён воре ҳаво медодандаш, бенишон мерафт, беҳуда талаф меёфт. Беашк гирист. Ба рӯҳи поки соҳиби шеър, ки дар маҳалаш Амир Темуру амораташро бо ҳунари худододаш ба ларза фиканда буд, дасти ниёиш кушод:
«—Ё Ҳазрати Амирҷono! Манам дар гӯшаи зиллат уфтода! Накардаам бадие ба мӯраке, донакаше! Қутбе афрӯхтайӣ дар тарикати хештаншиносӣ. Мо ҳама небераву абераву ҷабераҳои туем. В-агар ай дасти мани осии рӯсиёҳ коре бад бигзаштааст, биёмурзам! Ай ҷанголи ҳамин девсиратон бираҳонам, бузургмардо!».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё