Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
мавриди инъикос ва тасвир қарор додааст. Очеркҳои ӯ аз воқеият маншаъ гирифта, бо воситаҳои тасвири бадеӣ пайванд шудаанд. Чунин усули кор, аз як тараф, дар устувор гардидани андеша, таъсирбахшии гуфтори адиб мусоидат намуда бошад, аз сӯйи дигар, дар ташаккули афкори иҷтимоӣ, тарбияи маънавию ахлоқии мардум, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, меҳнат ва созандагӣ бетаъсир буда наметавонад. Ҳамчунин метавон гуфт, ки баррасии масъалаҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ дар қолаби жанрҳои гуногуни публитсистикаи бадеӣ, аз ҷумла очерк ба ташаккул ва инкишофи ин паҳлуи эҷодкорӣ заминагузор шудааст.
Нависанда Бахтиёр Муртазо дар инъикос ва тасвири масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, асосан, аз имкониятҳои жанри очерк истифода кардааст. Ба таъбири дигар, ӯ муваффақият ва мушкилоти зиндагиро ба туфайли очерк ба миён гузошта, таҳлил мекунад. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки ҷавҳари публитсистикаи ӯро жанри очерк ташкил медиҳад. Алалхусус, очерки симоӣ ва проблемӣ дар эҷодиёти ӯ мавқеи намоён дорад. Дар меҳвари очеркҳои симоии ӯ одамони касбу кори гуногун: омӯзгорон, табибон, деҳқонон, коргарон, роҳсозону нақбканон ва ғайра меистанд. Ин зумра қаҳрамонон бо кору пайкори созандаи худ ҳамеша аз дигарон фарқ менамоянд. Маҳз тасвири ҳамин гуна инсонҳо боис гардидааст, ки илҳоми эҷодии ӯ пайваста ҷӯш зада, бо меҳнати ҳамешагӣ ҳамчун публитсист ва адиб маъруфи ҳамагон шавад.
Таҳлили муқоисавӣ нишон дод, ки бо вуҷуди гуногунрангии мундариҷаи очеркҳои адиб, мавзӯъҳои сохтмони иншооти азим, масъалаҳои кишоварзӣ, бунёди роҳҳо, кандани нақбҳо дар публитсистикаи ӯ бартарӣ доранд. Муаллиф дар ду давра ба мавзӯи сохтмони иншооти азим таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки давраи аввал ба замони шӯравӣ ва марҳилаи дуюм ба замони истиқлолияти Тоҷикистон рост меояд. Агар дар давраи аввал сохтмони Шоҳроҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё