Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Мол ин қадар нолиш мекуна, ким-кадома ин қадар хоҳиш мекуна. Гӯё Худои таоло ҳамаи дарду алама ба вай дода боша». (с. 163, Бобо Ҳайдар). «Воқеан ҳам пирамарди рустоии мо бо вуҷуди бесавод будан саводомӯзи сад омӯзгор аст» (с. 115). Китоб бо фикру андешаҳои тарбиявӣ, хаёлу мулоҳизаҳои ҷолиби илмӣ ғано ёфтааст. Мо дар роман аз ҳақиқатҳои воқеии гузаштаву ҳозира бисёр чизҳо меомӯзем. Образҳои кӯҳу пушта, садои воситаҳои техникӣ ва ҳикмати халқ муҳтавои «Нақби Истиқлол»-ро афзун гардонидаанд.
Бахтиёр Муртазо дар сохтмони Нақби Истиқлол ба ҷуз нишон додани меҳнати душвори тоқатфарсо ба образҳо, ба шахсиятҳои ҷудогонаи таърихӣ, ба онҳое, ки халқу миллатро дӯст медоранд ва бароишон тайёр аст, ки ҷон фидо созанд, то чӣ андоза зодгоҳу Ватанро дӯст доштан, ба шаҳрвандон ҷоннисорона хизмат карданд тарбия менамояд. Зиёда аз ин, онҳое, ки Нақби Истиқлолро гузаштаанд, минбаъд ба ҳар гӯшаи кишвар ва ба ҳар куҷое сайёраи Замин раванд ҳам, чунин зӯрмандпуриқтидор хизмат мекунанд. Зеро Ватан як ҷузъи сайёра, он маҳани тамоми халқҳои ҷаҳон, ваҳдатҷойи кулли мардумони олам мебошад. Нависанда бо ин асар мушкилоти роҳи Тоҷикистонро осон, ваҳдату дӯстии онро бо Эрону дигар миллатҳои ҷаҳон мустаҳкам намуд. Ҳамин хубию пурмуҳтавоии асар буд, ки он баъди нашр шудан аз ҷониби Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон дар соли 2007 Беҳтарин китоби сол эълон гардид. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ин асарро бо Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ тақдир кард. Ҳоло боиси хурсанлист, ки асари пурмуҳтавои «Нақби Истиқлол» баъди дубора таҳрир шудан дар силсилаи «Китобхонаи мактаб» ба чоп расид. Насли наврас аз китоби «Нақби Истиқлол»-и нависандаи ҷӯянда ва соҳибистеъдоди тоҷик Бахтиёр Муртазо сабақи кор кардан баҳри ободии Ватан, дарси садоқату одамият ва меҳнатпарастӣ меомӯзанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё