Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

Кардан мехоҳам, ки ман парвардаи он мавзеъҳое ҳастам, ки Бахтиёр онҳоро ба тасвир гирифтааст. Борҳо дар деҳаи Зидеҳ будам, борҳо бо мардумаш суҳбат кардаам, борҳо дар он ҷо шабро ба саҳар бурдаам. Аммо дар асари Бахтиёр лаҳзаҳое ба тасвир омадаанд, ки ҳатто худи Зидеҳиҳоро ҳам ба ҳайрат меоварад.

Боре адабиётшиноси маъруф Қурбон Восеъ, ки дар ҷавониаш дар Зидеҳ муаллимӣ кардааст, қисса кард, ки: «Дар Зидеҳ фосилаи вақте ҳаст, ки онро «моҳи бесалом» меноманд. Ин ҳамон замон аст, ки кор хеле бисёр аст ва ҳатто барои салом додан фурсат нест». Ва ман ин нуқтаро чунин рубоӣ карда будам:

Дар гӯши қалам нишаста номат гуфтам,
Дар шеъри баланди дил мақомат гуфтам.
Ҳарчанд, ки моҳи бесалом омадааст,
Бархостаму зи нав саломат гуфтам.

Бахтиёр дар зимни ҷонфарсоӣ ва мардонавии қаҳрамонони корзори нақби Истиқлол бисёр расму ойин, анъана, суннат, хулоса, этнографияи мавзеъҳои эъмори ин иншооти бузурги Тоҷикистонро ҷамъоварӣ карда, моҳирона ба кор бурдааст. Масалан, ҳангоми ҷустуҷӯи нафароне, ки зери тарма мондаанд, истифода кардани хурӯсони махсус бисёр ҷолиб аст.

«— Ин ҷо биёед, — даст афшонд Мафтун.

Вақте ки ҳамқишлоқиҳо ҷамъ шуданд, ӯ ба дастрӯмолча ишорат намуд:

Хурӯсро болои ин барфтӯда раҳо намуданд. Хурӯс чанде гаштугузор карда, сониян се маротиба чег зад...»

Ва ё барои аз болои барфи баланд бемалол роҳ рафтан истифода бурдани «возвол»-ро гирем. Зидеҳиҳо баҳорон, ҳангоми тар будани шохаҳои бед, «возвол» мебофанд ва то зимистон маҳфуз медоранд. Вақте ки барфи баланд борид,

пешина
аз 263
навбатӣ