Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
- Нонро ҳамин келинамон Наташа пухта истодааст. Авалинаш насиби шумо будааст.
Мӯсафед гӯё бо ин суханонаш ба тамоми саволҳои мо ҷавоб гуфт. Вагарна ба як дидан мушкил буд, ки ин ҷавонзани нонпаз русдухтар аст. Зеро сару либоси тоҷикӣ дошт ва барои он ки чеҳраашро гармии танӯр насӯзонад, ба сар қарси сафед печонда буд.
- Писарам дар сохтмони шабакаи обрасонии Ёвон кор мекунад, - қисса кард мӯсафед. - Бо ҳамин духтар ошно будааст. «Тӯй мекунем», - гуфтам ба ӯ. Бинам, намехоҳад. «Кам-кам ошной кардем-дия», - бепарво ҷавоб медиҳад. Гуфтам: «Агар хоҳари туро ҷавоне чунин ошной кунаду партояд, чӣ кор мекунӣ?» Хап шуду монд. Тӯй кардем. Ду фарзанд доранд. Келини ман беҳтарин келини деҳа аст.
Бахтиёр зуд-зуд ба дафтарчааш чизе менавишт. Оҳиста-оҳиста суҳбат сари санги осиё омад. Барои Бахтиёр донистани ҳама чиз муҳим буд: сангтарошӣ кай расм шудааст, сангтароширо аз кӣ омӯхтааст, чӣ тавр санги осиёро интихоб мекунанд, барои сангтарошӣ чӣ асбобҳо лозим аст, мувофиқати сангро ба ин ё он осиё аз рӯйи чӣ муайян мекунанд ва ғайраҳо.
Дар охир хабарнигори кунҷкови мо чӣ будани «сагаки осиё», «хӯра баровардани осиё», «парчов кардани осиё» ва бисёр-бисёр истилоҳҳои хоси осиёбдориро пурсида гирифт.
Ба наздикӣ, вақте ки қиссаи нави Бахтиёр Муртазо «Нақби Истиқлол»-ро, ки ба бунёдкорони нақби Анзоб бахшида шудааст, мутолиа мекардам, дарёфтам, ки кунҷковиҳояш, ба умқи масъала фурӯ рафтанҳояш, ба ҳалли ин ё он мушкилот фарох назар afканданҳояш, ки дар ҷавонӣ хоси ӯ буд, чӣ тавр дар офаридани ин асар дастёриаш кардаанд.
Дар бораи «Нақби Истиқлол» бисёр гуфтаанду бисёр навиштаанд. Бовар дорам, ки шинохти ин асар ҳам бадеию ҳам мустанад ҳанӯз дар пеш аст. Фақат як нуктаро зикр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё