Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
«Бозвол»-ро ба пои худ мебандандӯ озод роҳ рафтан мегиранд, зеро ин абзол имкон намедиҳад, ки пои раванда ба барф фурӯ равад.
Ман чунин абзолро дар филми русии «Роҳи бозгашт нест» дида будам. Партизанҳо барои он ки ба ботлок фурӯ нараванд, аз шохаҳо сабадчаҳо бофта, ба пои худ мебастанд.
Бахтиёр Муртазо дар дарозои умри бобаракаташ бисёр хизматҳои хоксорона кардааст. Агар мақолаҳо, очеркҳо, лавҳаҳо, мусоҳибаҳои арзишманди ӯро ҷамъоварӣ кунед, чанд ҷилд мешавад. Гап дар бораи ҷилдҳо намеравад, ҷавҳари гап дар муҳтаво ва манфиатбахшии онҳост.
Чанд ҳикояи Бахтиёрро хондам, ки дар китоби «Ҷӯйи Навдиз» (Ирфон, с.1984) ҷамъоварӣ шудаанд. Онҳоро хондаму эҳсос кардам, ки ман ҳам иштирокдори воқеаҳову ҳодисаҳои мавриди тасвири ӯ ҳастам. Зеро ҳама ҳаётӣ, табиӣ ва аз рӯзгори ҷории мо гирифта шудаанд. Ҳар рӯзи умри мо пур аз ҳаводис аст. Аммо маҳорат он аст, ки беҳтарину пурарзиштарини онҳоро интихоб карда, бо камоли ҳунар ба тасвир гирифта тавонӣ.
Бахтиёр боре қисса кард, ки Ибод Файзулло ба тозагӣ муҳаррири «Комсомоли Тоҷикистон» таъйин шуда буд. Шабе, ки чопи рӯзнома ба таъхир афтод, дар кабинети котиби масъул бо Нур Табару Бобо Расулзода «дастархон» ороста, як қадаҳӣ бардоштанӣ будем.
Ногоҳ дар кушода шуду Ибод Файзулло намоён гардид. Мо чӣ кор кардани худро намедонистем. Нур шишаро бардошту ба ҳамаамон, аз ҷумла ба муҳаррири нав низ, якқадаҳӣ шароб рехт. Ибод Файзулло хомӯш қадаҳро бардошту то қатраи охир нӯшид ва ҳамчунин хомӯш баромада рафт. Баъд аз ин воқеаи ғайричашмдошт мо дигар дар ҷойи кор ва дар вақти кор нӯшиданро бас кардем.
- Ин ҳикояи тайёр аст, - гуфтам ба Бахтиёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё