Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

Бахтиёр Муртазо «Накби Истиқлол», ки соли 2007 ба табъ расида буд, дар доираҳои адабӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар баҳои сазовор гирифт. Ба романи мазкур аз ҷумла Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд ва онро «асари хотирмон» дар бораи корнамоии қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишвар номидаанд. Бояд эътироф кард, ки ин баҳои баланди Сардори Давлат ва Ҳукумат дар маҷмӯъ ба адабиёти тоҷик дар замони истиқлол низ мебошад.

Вақте ки кас ба мутолиаи романи мазкур шурӯъ мекунад, бо қаҳрамонони он – нақбканону муҳандисони таҳҷоию хориҷӣ, рафти корҳои сохтмонӣ, маҳалли воқеоту ҳодисоти асар шинос мешавад, дар ҳайрат меафтад, ки чӣ тавр як инсоне, ки касби асосиаш рӯзноманигорӣ, нависандагӣ ва тарҷумонӣ бошад, мисли як муҳандиси баландихтисоси таҷрибадор ва аз сирру асрори нақбканӣ огоҳ сухан меронад ва нақл мекунад. Вале нафаре, ки аз фаъолияти пайгиронаи муаллифи роман, аз омӯхтани ӯ тамоми ҳуҷҷату санадҳои марбут ба нақби Анзоб, диду боздидҳои ҳамешагиаш бо коргарони одӣ ва мутахассисони баландпояи дохилӣ ва хориҷии ин сохтмон, сафарҳои хизматии пайдарпаяш ба ин сохтмон, маҳаллу минтақаҳои гирду атрофи он ва ҳамчун коргари одӣ дар сохтмони азим огоҳӣ меёбад, бовар бар он мекунад, адибони миллатпараст ва ватандӯсте мисли Бахтиёр Муртазо ба хотири ояндаи кишварашон ва беҳбудии зиндагии ҳамватанон ба анҷоми ҳама гуна корҳо қодир мебошанд.

Нақд ва таҳқиқи усулӣ ва густурдаи ин тобишҳо ва навивориҳо дар эҷодиёти рӯзноманигор, публитсист ва нависандаи маъруф Бахтиёр Муртазо вазифаи аҳли илм ва адаби тоҷик мебошад.

PS:
Камина бо соҳибчашни муҳтарими собиқаи 63-солаи ош-

пешина
аз 263
навбатӣ