Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Агар дар бораи китоби Константин Паустовский «Садбарги зарин» сухан равад, ҷойи баҳс нест, ки он таълифоти мустанади «адабиётшиносии завқӣ» дар бораи ҳунари офаринишӣ ва чеҳраҳои барҷастаи он ба шумор меравад.
Бахтиёр Муртазо бовар бар он дорад, ки асарҳои мустанад, хосса очерк дар асл «ҳикояи мустанад буда, асари бадеӣ ҳисобида мешавад» (Ҳамон ҷо). Ба сухани дигар, ӯ навъҳои мустанади очерку мақолаҳои публитсистиро аз асарҳои бадеӣ ҷудо намедонад. Ва барои исботи ин гуфтааш романи мустанади худ «Нақби Истиқлол»-ро мисол меорад ва мегӯяд: «Асари «Нақби Истиқлол» барои он романи мустанад ном гирифтааст, ки дар бораи сохтмони мушаххаси воқеӣ эҷод гардида... Дар ин китоб баробари қаҳрамонони воқеӣ, қаҳрамонони асосӣ, нақбканони касбӣ, дӯстон - Мафтун, Шералӣ ва Ҷорибек тасвир гардидаанд, ки симоҳои онон сирф тахайюлӣ ва бадеӣ мебошанд» (Ҳамон ҷо).
Интизоҷи навъҳои гуногуни адабӣ, дар айни замон навъҳои мустанад бо навъҳои бадей дар насри тоҷикӣ бесобиқа нест. Чунин як кореро дар он аз ҷумла зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев дар повести «Дар он дунё», Мутеулло Наҷмиддинов дар қиссаи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» анҷом дода буданд.
Аммо ба андешаи мо, падидаи адабии имтизоҷи навъҳои мустанад бо навъҳои адабӣ дар таҷрибаи эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо тобишҳои нав ва тозагиҳое дорад, ки дар амалияи эҷодии адибони дигари тоҷик ба назар намерасад. Аз ин ҷиҳат махсусан романи мустанади ӯ «Нақби Истиқлол» имтиёз дорад.
Романи мустанади рӯзноманигор ва нависандаи номии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё