Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Зашти ман нест. Ва дар ҳақиқат дар ҷараёни бозии ӯ мо ин иқрори пардабарандозро фаромӯш бикунем ва аз таъсири бозии ҳунармандонаи ӯ ба ҳаяҷон биёем ва бигирием. Ҳадди камоли ҳунар ҳамин аст.
Ҳикояти дилангези «Хоки гаронбаҳо» (зимнан, ин китобро метавон маҷмӯаи ҳикоят ҳам номид) мағзи идеявии китобро ташкил медиҳад. Сарбози пири артиши Фаронса Шамет, ки духтараки фармондеҳи муҷаррадро аз ҷабҳа ба ақибгоҳ ҳамроҳӣ кардааст, тасмим мегирад, барои тасаллои ӯ тӯморе бароиш бисозад, ки он як шоха гули садбарги зарин аст. Зеро духтарак ривоятеро аз ӯ шунида ва эътиқод карда, ки садбарги зарин сеҳре дорад, ки соҳиби худро ҳатман ба саодат ва хушбахтӣ мерасонад.
Ин сарбози пири мустаъфӣ, ки рӯбандагии Парижро барои таъмини рӯзии ночизи худ ихтиёр кардааст, ҳар рӯз хокрӯбаҳои дӯконҳои заргариро ба кулбаи худ меорад ва онро бехта, зарраҳои тилоро ҷудо мекунад. То поёни умр муваффақ мегардад, он садбарги ормонии худро бисозад, ки пас аз маргаш онро аз ҷабҳаи куҳнаколояш пайдо мекунанд.
Ин пири фақири некдил тимсоли нависандаест, ки дилсӯзӣ ва муҳаббат ба инсон ӯро вомедорад, то кӯҳ-кӯҳ хокрӯбаҳои зиндагиро бибезад ва зарраҳои камёби саодатофарин, лаҳзаҳои дурахшони хирадзо, муҳаббатангез ва умедбахшро аз он ҷудо карда, дар кӯраи ҳунар бигудозад ва барои ҳабиби дили худ, ки инсони нексиришт, вале кӯчаку нотавону ниёзманде ҳаст, тӯмори зарини имон ба фарҷоми саодатманди зиндагӣ, асари худро биофаринад. Мо ин равиш ва ин гароишро дар сартосари ин китоби зарин ба равшанӣ мушоҳида мекунем.
Константин Паустовский ба хонанда танҳо коргоҳ ва дастгоҳи эҷодии худро нишон намедиҳад, балки аз ин коргоҳ нақбҳое зада шудааст, ки моро ба коргоҳи эҷодии дигар нависандагон ҳидоят мекунад. Дар ин сайри маънавӣ ду чизи шигифтангез аст. Яке вусъати ошноии нависанда бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё