Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
РУСТАМ ВАҲҲОБЗОДА,
Шоири халқии Тоҷикистон, профессор,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ», узви Академияи
Илмии Ҷумҳурии Исломии Эрон
КИТОБИ ЗАРИН
Китоби нависандаи маъруфи рус Константин Паустовский «Садбарги зарин» барҳақ ба хазонаи тилоии адабиёти рус ва ҷаҳон дохил шудааст. Ин китоб дар баробари вижагиҳо ва вазифаҳои зиёде, ки анҷом медиҳад, як посухи котеъ ва раддияи устувор ба иддаъои касонест, ки мегӯянд, адабиёти даврони шӯравӣ комилан сиёсатзада ва бидуни таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои ҳунарӣ буд. То ҷое, ки мусанниф иттилоъ дорад, дар камтар китобе то ин ҳад ба вижагиҳои ҳунарии адабиёт ва аҳамияти он дар муваффақияти нависанда диққат шудааст. Эҷодгари «Садбарги зарин» дарвозаи коргоҳи эҷодии худро комилан боз гузошта, дар пеши чашми мо сувари адабии худро дар дастгоҳи нависандагӣ месозад ва ҳамзамон ҳар ҳаракати худро дар аснои анҷоми ин кори зарифу шариф барои мо дарёдилона шарҳу тавзеҳ медиҳад ва аслан хаёле ба замираш роҳ намеёбад, ки мо пас аз ин тавзеҳот осори сунъро дар офаридаҳои ӯ мушоҳида мекунем ва эътимодамон нисбат ба ин осор кам мешавад. Дар асл чунин пиндоре ҳам дар вуҷуди хонанда роҳ намеёбад, зеро ин офаридаҳои ҳунарӣ чандон ҷаззоб, гиро ва устодона ва озмуда ҳастанд, ки агарчи дар пеши чашми мо сурат мебанданд, ба табиӣ ва воқеӣ будани онҳо бовар мекунем. Ин рафтор мисли он аст, ки ҳунарпешае (бозигаре) дар саҳнаи театр ҳозир шавад ва эълом намояд, ки ман ҳозир дар пеши чашми шумо саҳнаеро хоҳам бозид, ки шуморо ба ҳаяҷон биёрад ва бигирёнад, вале ин саргу-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё