Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
ба қаҳрамони асосии асар ба ҳисоб меравад. Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо дар романи мустанади худ «Нақби Истиқлол» симои қаҳрамони асосӣ Мафтунро чунон табиӣ ва моҳирона офаридааст, ки хислатҳои баланди меҳнатдӯстӣ, меҳанпарастӣ, одамияти поки ӯ ба садҳо ва ҳазорон ҷавонони Ватан, ки дар сохтмонҳои зарбдори Тоҷикистони азиз кор мекунанд, писанд омадаанд. Як нафар ҷавонмард, ки дар сохтмонҳои нақби Истиқлол ва нерӯгоҳи Сангтӯда-1 кор карда шудааст, боре ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» омада, нависанда Бахтиёр Муртазоро пурсон шудааст. Ҳамин ҷавон дар суҳбат бо корманди масъули «Ҷумҳурият» Қурбон Мадалиев гуфтааст, ки «нависандаи дӯстдоштаам бисёр лаҳзаҳои ҳаёт ва кори маро дар китоби «Нақби Истиқлол» тасвир намудааст, вале аз чӣ сабаб бошад, ки ному насаби ман дар он ҷо дигар аст».
- Образҳои Шералӣ ва Ҷобирбек симои қаҳрамони асосии асарро пурра мекунанд. Эшон низ дар касби интихобкардаашон - нақбканӣ муваффақ мебошанд. Булҳавасу бепарво нестанд. На танҳо аз қаҳрамони асосӣ ибрат гирифта ба ӯ пайравӣ мекунанд, балки дар иҷрои ҳар кор азму иродаи матин зоҳир менамоянд, қобилияти хуби ташкил кардани корро доранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо