Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

устод», «Дар Яман ба тоҷикон ниёз доранд», «Ҳамрангии таърихи навини Тоҷикистон ва Яман» мекашем. Муаллиф дар ин очерк ва мусоҳибаҳо ифтихори ҳаққонии худро аз он ки равшанфикрону соҳибкасбони тоҷик акнун на танҳо ба халқу Ватани худ, балки ба дигарҳо ҳам мадади ҳаққонӣ расонида метавонанд, изҳор медорад. Қаҳрамони вай, ки дар оилаи як деҳқони оддӣ дар ноҳияи Шаҳритӯс ба дунё омадааст, бо меҳнати ҳалоли худ на танҳо духтур шудааст, балки ҳамчунин ба баландтарин мартабаҳои илмии ин соҳа ҳам расидааст ва аз хизмати инсондӯстонаи вай, аз маҳсули дастони шифобахшаш дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Яман ҳам, садҳо бемору мӯҳтоҷон истифода кардаанд.

Духтур дар ҳама ҳолат духтур мемонад. Дар очеркҳо ва сӯҳбатҳои дигари нависанда Б.Муртозо «Теги синой ба каф» ва «Ҳадиси миннатдорӣ» низ дар бораи табибе сухан меравад, ки ӯ ҳунари олии ҷарроҳӣ ва қобилияти хоси таҳқиқи илмӣ дорад, борҳо барои кору таҳсилу таҳқиқ устодонаш варо ба Донишгоҳи тиббӣ даъват намудаанд, аммо вай корро дар беморхонаи ноҳиявии Қубодиён бартар донистааст. Он чи дар ин асари публитсист меояд, ин хизмати олии инсонист, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Коммунар Ёқубович Тошматов барои ҳамдиёронаш — одами одии ба мушкилӣ афтода ва ба табибу паноҳгоҳ муҳтоҷшуда кардааст. Омӯзгоре ёд мекунад: «Духтур Тошматовро ҳамчун табиби ҳозик мешиносам, вале дар солҳои пурталотуми бар сари тоҷикистониён омада, он касро ҳамчун марди майдон шинохтам... Мо гурезагон ба бузургию дурандешии ин кас қоил шудем.»; оҳангаре мегӯяд «ман ва бародарам Толиб то абад аз Тошматов миннатдорем, зеро дар солҳои пурдаҳшати 1993-1996 дар хонаи ин марди ҳозику меҳрубон паноҳ ёфтем» ва дигаре иқрор мешавад: «Хизмати духтур Тошматов ба мо, гурезагон ниҳоят калон буд. Чӣ ҷои пинҳонӣ, дар он солҳои пурдаҳшат бисёриҳо ба мо бо нафрат менигаристанд. Танҳо Тошматов, ки сар-

пешина
аз 263
навбатӣ