Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Ду моҳи охир бригадаҳои Мафтуну Шералӣ ҳатто бидуни рӯзи истироҳат фаъолият намуда, ба ҷойи 10-12 метр дар як басти корӣ 18-20 метрӣ нақб меканданд. Бригадаи бетонрезон низ бо сарварии Ҷобирбек қадам ба қадам аз пайи нақбканон ҳаракат мекард. Аъзои ин бригада хуб дарк мекарданд, ки дар оянда устувору бобақо будани нақб ба фаъолияти онҳо вобаста аст. Хурсандии дӯстон дар ин рӯз ниҳоят зиёд буд. Баъди баргузории ҷамъомаде, ки ба муносибати васл гардидани ду самти нақби ҳаводиҳанда доир гардид, ба аъзои бригадаҳои Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек се-чоррӯзӣ истироҳат дода шуд ва дӯстон тасмим гирифтанд, ки ин хурсандиро дар қаҳвахонаи «Сарез»-и Душанбе ҷашн гиранд. Бо ин мақсад ҳар се пас аз шустушӯй ва иваз кардани сару либос ба ҷониби пойтахт роҳ пеш гирифтанд. Қабл аз сафар ба Душанбе Мафтун уқоби худро дид, ки дар болои хобгоҳ бар авҷи само парвоз дорад. Гӯё ин паррандаи озод дӯсти худ Мафтун ва шарикони ӯро ба ин рӯзи саид табрик менамуд. Мафтун инро фоли нек донист [ниг.:7, с.363-365].
Дӯстон дар паси мизи қаҳвахона низ дар бораи сӯрох гардидани нақб суҳбат мекарданд. Мафтун акнун бовар дошт, ки дар мавзеи Нови Мурдаҳо низ нақб бунёд хоҳад шуд. Ин лаҳза дар ин мавзеъ зери тарма мондани аскарбаҷаю бародараш ва ҷустуҷӯйи ҷасади аскарбаҷаю бародараш ба ёди ӯ омад. Он рӯз гӯё қиёмат қоим гардида буд. Ё дар мавзеи Нови Мурдаҳо зери тарма мондани марди панҷхокӣ ва дӯстону ҳамсояҳои ӯ, ки дар натиҷаи ин фоҷиа тӯйхона ба мотамхона табдил ёфта буд, ҳаргиз аз ёди Мафтун намеравад. Акнун, ки сохтмони нақби Анзоб ба як марҳилаи муҳим расид, Мафтун умедвор буд, ки рӯзе фаро мерасаду дар мавзеи пурхатари Нови Мурдаҳо низ нақб бунёд мегардад, ки дар натиҷа амнияти мусофирон таъмин хоҳад шуд [ниг.:7, с.365-366].
Ҳангоме ки дӯстон дар паси мизи қаҳвахона суҳбат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё