Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, салом карданд. Шодиву хурсандии ҳамагонро ҳадду канор набуд. Аз ин рӯ баъди ба ҳам пайвастани ду самти нақб ҳамдигарро ба муносибати ин ҳодисаи фарахбахш табрик намуданд. Ҳамин тавр, соати 10-и субҳи рӯзи 8-уми марти соли 2006 таркиши охирин дар нақби ҳаводиҳанда анҷом дода шуду нуқтаи пайвасти ду самти нақби ҳаводиҳанда комил гардид [ниг.:7, с.360].

Нависанда ин ҳодисаро пирӯзии бузург арзёбӣ менамояд, ки бо саъю талоши муҳандисону нақбканони эрониву тоҷик ба даст омада буд. Коргарон ҳатто ба кушода шудани нақб бовар намекарданд ва барои ин якчанд маротиба аз ҷануб ба шимол рафта меомаданд. Ба муносибати ба ҳам пайвастани ду самти нақби ҳавокаш бо иштироки муовини сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ва вазири нақлиёт Абдураҳим Ашӯр ҷамъомад доир гардид. Ҳарчанд кушода шудани нақби ҳавокаш тавассути ВАО зиёд инъикос нагардида буд, мардуми бисёре дар ду тарафи нақб ҷамъ омада, мехостанд ҳар чӣ зудтар аз нақб гузаранд. Онҳо ҳатто парвои онро надоштанд, ки ҳоло аз нақб гузаштан хатар дорад ва омода буданд, пиёда аз нақб гузашта, мушкилоти зиндагии хешро ҳал намоянд [ниг.:7, с.360-362].

Мудири пӯружа ҷаноби Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ аз он ифтихор мекард, ки ҳамчун намояндаи кишвари дӯсту ҳамзабони Эрон барои бунёди чунин иншооти азим саҳм мегузорад. Умедвор буд, ки баъди ифтитоҳи нақб бо дидани шодмонии мардуми тоҷик хастагии шабонарӯзии ӯ низ рафъ хоҳад шуд. Алҳол ӯ аз натиҷаи кори худ қаноатманд буд [ниг.:7, с.362-363].

Рӯзи пайваст гардидани ду самти нақби ҳаводиҳанда барои дӯстони дерин Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек низ рӯзи муроду мулоқот мешавад. Мафтуну Ҷобирбек дар қисми ҷануб кор мекарданд, дӯсти онҳо Шералӣ дар қисми шимол фаъолият дошт. Онҳо якчанд моҳ ҳамдигарро надида буданду танҳо тавассути телефон аҳволпурсӣ мекарданд.

пешина
аз 263
навбатӣ