Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Воқеаҳо нақлӣ не, бо тасвиру шарҳи корҳо, ҳатто бо истифодаи ривоят ва қиссаҳои гуногун, ки аз паҳншавии лимупарварӣ дар ҷаҳон, аз сӯҳбатҳо ва талошҳои илмӣ дар шаҳрҳои гуногуни мамлакати шӯроҳо дар мавриди лимупарварӣ, аз обрӯ ва эътибори лимуи тоҷик баён мешаванд, таълиф гардидааст. Аммо ман мехоҳам дар ин ҷо ду-се ҷумлаи муаллифи очерк ва ёдномаи қаҳрамонашро орам, ки дар он роҳи оддии густариши лимупарварӣ дар Тоҷикистон баён мешавад.

Аз он тухмие, ки соли 1936 оварданд, соли чилум чор бех лиму сарсабз гардид, яъне амал кард, худи ин муждаи неке буд. Боғбон ин маҳсули дасташро бо қимати ҷон ҳифз мекард. Вай мегӯяд: «Ба майдони муҳориба роҳӣ шуда ба занам гаштаю баргашта таъкид менамудам, ки ҳамон чор бех навниҳолҳоро аз ҳар балою қазо эҳтиёт кунад. Агар зарур шавад, бо палтои ман болои ниҳолҳоро пӯшону аз офат эмин дор»-гуфтам ба ӯ. Дар ин хусус аз фронт ҳам мактуб менавиштам. «Хавотир нашав, Володя, - нома мефиристод ҳамсарам, - лимуҳо амон ҳастанд, нағз ривоҷ карда истодаанд, то омадани ту ба ҳосил медароянд. Душманонро саркӯб карда ой, туро бо меваи лимуи худамон зиёфат хоҳам кард.» - шӯхӣ менамуд Евдокия.

Ҳамин ки аз ҷанг ба хона баргаштам, дарҳол ба дидани лимуҳо шитофтам. Лимуҳо хеле қад барафрохта буданд ва ривоҷи онҳоро дида, таъбам басо хуш шуд. Сонӣ кори илмиро давом додам. Бобою бобокалонҳои лимуҳои Вахш ва тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳамин чор ниҳол мебошад. Зеро таҷрибаи мо дар Осиёи Миёна аввалин аст.

Вақте ки ҳосили лиму расид, ба котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон мӯҳтарам Бобоҷон Ғафуров хабар расонидем. Ӯ ниҳоят хурсанд шуда, дарҳол ба таҷрибагоҳ омад ва ҳосили заринтоби лимуро дида, ба мо таҳнияту таҳсин гуфт. «Шумо сарзамини қадимаи тоҷиконро ғанӣтар кардед», - дастамонро фишурд ӯ.

пешина
аз 263
навбатӣ