Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Гори нимсеру нимгурусна тасвир мешавад ва дар мисоли аҳли як оилаи Қубодиён меҳнату ҳиммати халқу Ватани моро дар он замин нишон медиҳад. Очеркҳои «Боғҳои Се-мирамида» (дар бораи Владимир Иванович Сулая), «Муҳориба бо оташ» (дар бораи Талбак Лолаев), «Дар он боғе, ки мурғонаш нахуспанд» (дар бораи Бешаи Палангон ва бонии он Дмитрий Кутерма), «Барҷӯш, дило» (дар бораи чӯпони қаҳрамон Шамар Абдумуродов) ва бисёр дигарон маҳз аз корномаи аҳли деҳ-колхозчиён, навоварон ва ихтироъкорон, роҳбарони хоҷагӣ аз пахтакорӣ, ғаллапарварӣ, боғдорӣ, чорводорӣ қисса мекунанд. Имрӯз бо гузашти солҳо ин очеркҳо ва қаҳрамонони онҳо ҳақиқати он роҳеро бозгӯ мекунанд, ки миллати тоҷик бо туфайли фарзандони некномаш, олимони гуногунмиллаташ тай намудааст. Публитсистикаи мазкур далелҳои раднашавандаи зиндагии воқеии халқи тоҷик дар замони шӯравӣ мебошад. Мавзуи очерки «Боғҳои Семирамида» дар ин маврид хеле ҷозиб мебошад. Қаҳрамони ин очерк аз зумраи он ҷавонони шӯравӣ аст, ки дар замони бунёдкории водии Вахш, соли 1934 ҳамчун мутахассиси ҷавони соҳаи хоҷагии қишлоқ бо ҳамсараш аз Гурҷистон ба Тоҷикистон омада, ба душвориҳои бемисли он замон нигоҳ накарда, дар ин мулк муқим гардидааст. Соли 1936 дар як сафар ба зодгоҳаш ӯ аз он ҷо тухмии лимуву апелсин оварда, таҷрибаи онро оғоз намудааст, ки оё ин меваҳо дар шароити Тоҷикистон месабзида бошанд?
Сулая олими пуртоқат, боғбони кордон ва шахси ба ободӣ дилдодаву дилгарм будааст. Ҳар касе, ки ин очеркро мехонад, инро амиқ дарк мекунад ва гӯё мебинад, ки Владимир Иванович аввал танҳо бо дастгирии ҳамсараш ва дертар бо кӯмаку ҳамкории шогирдонаш Ходим Боҳиров, Убайдулло Эшонқулов Тоҷикистонро, махсусан водии Вахшро ба ватани воқеии лимупарварӣ табдил дод ва лимуи тоҷикӣ хеле ва хеле хушмазза баромад. Дар очерк

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё