Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

боз хеле зиёд раису роҳбароне буданд, аз ҷумла С.Исоев, А.Раҳмонов, Э.Бойматова, З.Қаландарова, И.Хӯҷаназаров, А.Самадов, К.Абдураҳмонов, ки аъзои ҷамоаташон ва берун аз он ҳам, ба онҳо бо ин унвони пуршарафи падар ё модари халқ ишора мекарданд. Биноан номгузории очерки зикргардида тасодуфӣ набуда, асли зиндагист.

Очерки мазкур дар қолаби суҳбат бо як деҳқони умрдида ва мулоқотҳо бо худи раису аҳли деҳа, меҳмонҳо ва дидор аз зиндагии мардум махсусан шароити маишии ҳаёти онҳо иборат мешавад. Нависанда замон ва шароити ба вазифа омадани раис Аслиддиновро аз забони як марди рӯзгордида чунин меорад: Соли панҷоҳу ҳафт дар муддати ҳашт моҳ дар колхоз ду раис яке дигареро иваз намуда, ба усули «булаҷабе» роҳбарӣ карда будаанд. Хоҷагиро вайрону валангор намуда, деҳқононро кашшоку бенаво кардаанд, ин раисон. Ба ҳадде, ки дар анбори колхоз ба миқдори як токӣ ҳам ғалладона намондаасту дар фермаҳо хасу хошок адо шуда, говҳо аз логарӣ ба пойҳои худ рост истода наметавонистаанд.(1,109). Нависандаи мушоҳидакор Бахтиёр Муртазо дар tasвири фавқ аз забони касе ҳолатро чунон меорад, ки хонанда мебинад анбори холиро, чорвои нимгуруснаро ва дарк мекунад, ки дар назди раиси нав чӣ мушкилоте истодааст. Дар давоми очерк бо истифодаи саҳнаҳо ва лаҳзаҳои ҷолиби зиндагӣ нависанда камолёбии қаҳрамони худ ва тағйирёбии сатҳи зиндагии мардумро нишон медиҳад. Акнун дар хоҷагӣ зиёда аз сад нафар мутахассисони маълумоти олидор машғули коранд, ки аксари онҳо бо кӯмаки колхоз таҳсили худро бо муваффақият анҷом додаанд. Нависанда аз гуфтаҳои қаҳрамони очеркаш он маъноро таъкид менамояд, ки «Ман аз давраи аввали кори ман ба як қоида сахт риоя мекунам, ҳикмати олии кишоварзӣ он аст, ки деҳқононро ҳаргиз аз замин ҷудо накунӣ ва дар дили онон ҳиссиёти соҳиби замин буданашонро хомӯш насозӣ» (1.114)

пешина
аз 263
навбатӣ