Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«Комсомоли Тоҷикистон» рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе бо теъдоди ҳаштод ҳазор нусха чоп шуда, ба тамоми гӯшаю канорҳои ҷумҳурӣ паҳн мегардид. Дар саҳафоти он хабару мақолаҳо, репортажу мусоҳибаҳои гуногунмавзӯъ дарҷ мегардиданд. Баромадҳои рӯзнома нишонрас буданд ва он обрӯю нуфузи шоистае дошт. Ман фаъолияти худро дар ин ташкилоти эҷодӣ барои худ ботинан ҳамчун таҳсил дар донишгоҳи рӯзноманигорӣ қабул карда будам. Ҳафтаи аввал корам сипарӣ мегардид, дар авохири ҳафта котиби масъули рӯзнома Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоҳ танҳо маро навбатдори шумораи идораи рӯзнома таъйин намуд. Шумора бахшида ба 8-уми март, яъне ҷашни модарону занону духтарон буд. Мувофиқи қавоиди қабулгаштаи идора бояд ду нафар навбатдорӣ мекарданд, яъне маводи рӯзномаро ду нафар яке мудир ва дигаре ходими адабӣ бо назари танқидӣ мутолиа менамуданд ва агар кадом ғалате бошад, ба ислоҳаш мекушиданд. Ман он дам дар вазифаи ним басти ходими адабӣ ба кор қабул шуда будам. Аксари кормандон ҳамон рӯз ба сафарҳои хизматӣ рафта, дар идора дигар касе намондааст.

  • Ин навбатдории ман чӣ тавр ҷараён меёбад, - изҳори ҳайрат кардам, - шумо қаблан дар суҳбат гуфта будед, ки навбатдориро ҳатман ду нафар анҷом медиҳанд.

  • Ҳеҷ боке не, - посух гуфт котиби масъул, - шуморо нағз медонам, ҳамроҳи ман дар идораи рӯзномаи донишгоҳ «Ба қуллаҳои дониш» кор карда будед, таҷриба доред, биноан ман комилан мутмаинам, ки шумо бар ивази ду нафар ҳамкорони мо навбатдорӣ карда метавонед.

Ҳамин тавр ман ин навбатдории нахустинро барои худ ҳамчун имтиҳон ҳисобидам. Ва ҳар як хабару мақола, яъне кулли маводи рӯзномаро ду маротиба мутолиа менамудам, ҳам ба ҷойи худ, ҳам ба ҷойи мудири шуъбае, ки он рӯзӣ навбатдорӣ набуд. Ба ин васила вазифаи навбатдории нахустинро ба анҷом расонидам, вале кор хеле тӯл кашид,

пешина
аз 263
навбатӣ