Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз касби рӯзноманигорӣ ман тамоман хабардор набудам. Чунки он замон дар деҳа зиндагӣ мекардам ва аз ноҳияи мо он давр ҳеҷ кас ҳам журналист набуд. Сабаби ба журналистика пайваст шуданам он буд, ки дар синфи чоруми мактаб муаллимаамон Муяссара Қодирова, ки аҳли Бухоро буданд, ҳамаи мо, шарикдарсонро ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» обуна карданд. Ҳамон рӯзнома бисёр шавқовар мебаромад, мақолаҳои аҷиб дошт, дар саҳифаи чорум ҳатман очерку ҳикояҳои шавқовар чоп мешуданд.

Мутолиаи пайвастаи ин рӯзнома сабаб шуд, ки шавқи ман нисбати журналистика бедор шавад. Ҳамин гуна худам ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» хабар менавиштам. Дар синфи нухуми таҳсилам роҳбари синфамон маро муҳаррири рӯзномаи деворӣ таъйин карданд. Ду сол муҳаррирӣ кардам. Баъдан барои дохил шудан ба донишгоҳ омадам, соли аввал дохил нашудам. Соли дуюм ҳамчун сомеъ ба факултети филология дохил гаштам. Дар ин миён бо кӯшишҳое, ки нишон додам, дар нимаи соли аввал баъд аз супоридани имтиҳонҳо бо баҳои аъло соҳиби номи донишҷӯ шудам.

Баъд аз курсии дуюм ҳаётам ба рӯзнома вобаста шуд ва дар рӯзномаи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» корро сар кардам. Ҳамин гуна бо «Комсомоли Тоҷикистон» ошноӣ пайдо намудам. Ва ҳаёти минбаъдаи худро ба ҳамин касб бахшидам. Дар баробари ин ҳарчанд маро ба корҳои дигар даъват карданд, нарафтам. Зеро ман бештар дар рӯзномаву маҷалла кор кардаам ва бе инҳо ҳаётамро тасаввур карда наметавонистам.

  • Хоҳишмандем, ки аз рӯзҳои аввали коратон дар идораи рӯзномаи дӯстдоштаи «Комсомоли Тоҷикистон» ягон воқеаро нақл намоед?

  • Бисёр хуб, ман навбатдории нахустини худро дар нашри ин рӯзнома ҳикоя мекунам. Ҳамон вақт дар ин нашрия тартиботи қатъии навбатдорӣ ҷорӣ буд ва ҷаридаи

пешина
аз 263
навбатӣ