Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шуд. Ҳамоно, пас аз адиби муҳтарамро гусел кардан, ба навиштани ин мақола оғоз намудам, зеро барои ман, махсусан, барои ҷавонон, басо ибратбахш аст: ба ёдам асари «Одина» расид, ки устод Айнӣ дар анбори зироат аз чанд ҳалтаи гандум барои худ «миз»-у «курсӣ» дуруст карда, қалам ба даст гирифта буданд. Бахтиёр Муртазо ба тарҷумаи асари Стендал ба се сабаб машғул шуда буд: якум, берун аз Тоҷикистон кор мекард ва он ҷо тоҷикон набуданду хатари фаромӯш ё хароб шудани забони адабиаш таҳдид мекард, дуюм, ҳушилхому эҷодкору заҳматкаш буд ва ниҳоят мехост аз дурдонаҳои хазинаи адабиёти ҷаҳон якеро ба хонандаи тоҷик пешкаш намояд. Умуман, зиндагиномаи ин шахси шариф кирои шунидану хондан мекунад, ӯ ҳатто даврони донишҷӯии худро мисли аксарият ба хондани чанд дарси мукаррарии зарур ё нозарури донишгоҳ, ё танҳо баҳо гирифтан барбод надода, пайваста забономӯзию китобхонӣ ҳам кардааст.

Соли 1959 Бахтиёр Муртазо донишҷӯи соли дуюм буд. Ҳамон сол ба гурӯҳи онҳо танҳо ба хотири омӯхтани арӯз тарки донишгоҳи Самарқанд карда, Аслам Адҳам омад. Ҳамнишинӣ бо Аслами ҷавон, ки китоби зиёд хонда, шеъри бисёр, аз ҷумла, достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавиро аз ёд медонист, ба Бахтиёр асар кард. Бовараш намеомад, ки ба хотири омӯхтани арӯз Аслам тарки Донишгоҳи Самарқанд карда, ба Душанбе ташриф овардааст. Аммо дар донишгоҳ вазни арӯзро соли аввал мехонданд. Аз ин сабаб Аслам сахт рӯҳафтода шуд. Бахтиёр ӯро тасаллӣ дод ва он чӣ порина вобаста ба ин мавзӯъ аз устодон омӯхта буд, як пора пешниҳод кард. Аз ҷумла барои намуна ва исботи фикр як байти шеъри устод Мирзо Турсунзодаро дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» тоза чоп шуда буд, тактеъ кард:

  • Нишастам дар лаби дарёи кӯҳӣ - мафойлун, мафойлун, фаӯлун,
пешина
аз 263
навбатӣ