Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

АЗИЗИ АЗИЗ,
нависанда, мудири шӯъбаи адабиёти
бачаҳои Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии
адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

РОЗКУШОИ «СУРХ ВА СИЁҲ»

Овони донишҷӯӣ, солҳои 80-уми асри гузашта, овоза шуд, ки романи машҳури Стендал «Сурх ва сиёҳ» ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст. Ман, ки забони русиро чандон балад набудам, хурсанд шуда, ҷониби мағоза давидам ва ҳамон сол адиби машҳур Бахтиёр Муртазоро ба сифати тарҷумон низ шинохтам... Мушоҳида кардаам, ки на ҳар китобдӯсту китобхон ба шахсияти тарҷумони асар таваҷҷуҳ менамояд, вале чанд китоб ҳаст, ки хонандааш дар баробари муаллифу унвони асар ному насаби тарҷумонро ҳам дар ёд гирифтааст. Абдулло Зокир, ки «Доғистони ман»-и Расул Ҳамзат ва Сотим Улуғзода, ки «Ғӯрмагас»-и Войничро ба забони модарии мо баргардонидаанд, аз ҷумлаи ҳамон тарҷумонҳои зиндаёданд. Инчунин, ҳар кас «Садбарги зарин»-и Константин Паустовский ва «Сурх ва сиёҳ»-и Стендалро мутолиа кардааст, ғайриихтиёр ному насаби Бахтиёр Муртазоро низ ба ёд гирифтааст, балки гоҳо мегӯянд: «Садбарги зарин» ё «Сурх ва сиёҳ»-и Бахтиёр Муртазо...»

Синни мубораки Бахтиёр Муртазо ба 80 расид, Худоро
шукр, ҳанӯз бардаму эҷодкор аст ва, чунон ки дар урфият мегӯянд, як пояш аз даргоҳи Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон канда нест. Боре аз «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал сухан рафт ва дар омади гап Бахтиёр Муртазо ҳисса
кард, ки ба тарҷумаи ин роман кай, чӣ хел ва чаро машғул

пешина
аз 263
навбатӣ