Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
намзадаро мемонад. Нафаси насими шифобахши он бар чеҳраи мо оҳиста мезанад».
«Садбарги зарин» дар ҳеҷ замоне аҳамияти худро гум намекунад, зеро дар саҳафоти он рози зебоии сухан, тарзу шеваи офариниши осори бадеӣ ва дигар назокатҳои кори эҷодӣ ҳамроҳ бо қиссаву ҳикоёти маргубу шавқовар рехта шудаанд ва ба хонандагон завқу ҳаяҷону илҳом мебахшанд. Ин китоб бахусус дар замоне ки киштзори сухан пур аз ҳарзагию алафҳои бегона шудааст, бештар ба дард мехӯрад ва чӣ будани ҳунари асилро гӯшзад менамояд. Порчаҳое аз ин қабил, ки дар китоб фаровонанд, барои адибони ҷавон метавонанд дастури амал бошанд:
«Барои пухтани хаёлот нависанда ҳаргиз бояд аз зиндагӣ канда нашавад ва саропо дар худ фурӯ наравад. Баръакс, хаёлот аз омезиши доимӣ бо ҳаёти ҳақиқӣ такомул меёбанд ва ҷанину шираву ғизои заминӣ мегиранд».
Нависанда ва публисисти маъруфамон Бахтиёр Муртазо бо тарҷумаи ин китоби мондагор ва дубора таҳрир намудани он кори шоёнеро барои адабиётамон анҷом дод ва ин хизмати ӯ шоистаи қадрдонию ҳаст. Мо ин китоби воқеан дӯстдоштаниро китоби рӯимизӣ медонем ва такрор ба такрор хондани онро, ба вижа барои адибони ҷавон, боиси пешрафту такомули маънавӣ ва ҳунарӣ мешуморем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё