Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
рин»-ро ба охир расонид. Тарҷумаи ин китоб, албатта, хеле душвору сангин буд, назокатҳои зиёд дошт, хеле дақиқу амиқ донистани забони русиро бо ҳама зарофатҳояш талаб мекард. Тарҷумони ҷавони мушкилписанд аз уҳдаи ин кор ба хубӣ баромад. Он замон қоида чунин буд, ки танҳо адибони пухтакору пуртаҷриба асарҳои барҷастаи хориҷиро тарҷума мекарданд. Ба тарҷумаи «Садбарги зарин» барин шоҳасар пардохтани адиби хеле ҷавон кори ғайриинтизору фавқулодае буд. Як сол пештар аз ин Бахтиёр Муртазо «Роҳи Каҳкашон»-и нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматовро тарҷума карда буд, ки ин ҳам барои адиби ҷавон як корнома маҳсуб мешуд. Аммо дар миёни тамоми асарҳое, ки Бахтиёр Муртазо ба тоҷикӣ тарҷума кард (аз ҷумла «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал) «Садбарги зарин» мавқеи хос дорад. Дилбастагии худи адиб ба ин асар ба ҳаддест, ки баъди солҳои дароз дубора ба он рӯй овард, калимаҳои ба назараш носуфтаро бо калимоти хуштарош бадал кард, ҷумлаҳоро ороиш дод, хулоса, заҳмати зиёде кашиду китобро бо шаклу сифати нав дигарбора ба хонандагон пешкаш намуд. Маҷаллаи «Садои Шарқ» пеш аз дубора ба сурати китоб даромадани «Садбарги зарин» зери рубрикаи «Мактаби адабӣ» дар чандин шумора онро нашр кард. Мо медидем, ки чӣ гуна хонандагон ҳар шумораи маҷалларо бо ҳирсу ташнагӣ интизор мешуданд ва бо завқи зиёд мехонданд. Азбаски аз нашри нахусти китоб солҳои зиёд гузашта буданд, дастрас кардани он мушкил буд. Бо дарназардошти ин талабот, устод Бахтиёр Муртазо онро бо таҳрири нав дубора ба дасти чоп супурд. Нашри нави китоб аз ҷиҳати тарзи ифода ва образнокии сухани тарҷумон аз нашри аввал тафовутҳо дорад. Як ҷумлаи зер кофист, ки ҳунари тарҷумон дар тарҷумаи порчаҳои образноку шоирона аён гардад:
«Илҳом дар дили мо субҳи пурфайзи тобистон, абпораҳои хомӯши аз рӯйи шаби ором бархоста, баргҳои шаб-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё