Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Ба худ ман ёфтам маъвои кӯҳӣ – мафойлун, мафойлун, фаӯлун.
Хурсанду мафтун шуд Аслам ва гуфт:
– Эҳа-а, ин тавр бошад, аз ин донишгоҳ ҳам меравам. Муҳити адабии Душанбе кифоя аст. Худам арӯз меомӯзам.
Рӯзи дигар Аслам ба неву нестону исрори Бахтиёр гӯш надода, тарқи ин даргоҳ кард ва ба нашриёт рафта мусахҳеҳ шуд.
Ҳамон сол дар ҷазираи Куба инқилоб ба амал омад, номи доҳии кубагиҳо Фидел Кастро вирди забони мардум шуд ва Аслам Адҳам ба зудӣ шеъри чанд шоири ин кишвари ҷазирагиро тарҷума карда, таҳти унвони «Таронаҳои найшакар» чоп кард, яъне ҳамкурсонаш ҳанӯз донишгоҳро хатм накарда ӯ номвар шуд.
Нашриёт барои тарҷумаҳояш ба Аслам Адҳам 10 ҳазор сӯм дод. Аслам зуд хона харид, муҷаҳҳаз кард ва зан гирифт. Ана, ҳамин тавр, як ҷавон, ки ба Душанбе омаду вазни арӯз намедонист, бе маълумоти олӣ шоир шуд, вале ҳамсолонаш ҳанӯз таърихи КПСС (ҳизби коммунист) мехонданд.
Чунонки се сол қабл донишу маҳорати Бахтиёр Асламро хурсанду мафтун карда буд, ин дафъа ғайрату ҳиммати Аслам Адҳам, ки воқеан ибратангез буд, ба дӯсташ Бахтиёр Муртазо бетаъсир намонд.
Соли 1963 Бахтиёр Муртазо ба нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» корманд таъйин шуд. Соли 1964 ӯро ба аскарӣ гирифта, ба қисми ҳарбии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) бурданд. Дар ҳамин ҷо Бахтиёр бори аввал дарк намуд, ки босаводу китобхон будан ва донистани забон инсонро чӣ қадар баобрӯ мекардааст. Аз Ленинград ба нашрияи худ – «Комсомоли Тоҷикистон» мақолаю очеркҳо менавишт. Донистани забони русӣ имкон дод, ки дарҳол бо нашрияҳои ҳарбӣ низ ҳамкорӣ оғоз намояд ва ҳар замон ба номи ӯ ҳуҷҷати интиқоли ҳаққи қалам мерасид ва аскарону

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё