Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

БОҒИ МОМАИ АНГУР

Ҳамчу ғул-ғули тӯе
Як сатил ҳаёхӯе,
Бозии карашқӯе,
Боғи момаи ангур.
Дам ба дам пур аз хиш-хиш,
Дам ба дам пур аз киш-киш,
Даҳ сабад пур аз кишмиш,
Боғи момаи ангур.
Хӯшае агар пухтаст,
Хӯшаи дигар пухтаст,
Дар дами саҳар пухтаст
Боғи момаи ангур.
Як шабе ту бо маҳтоб,
Як шабе ту бо шабтоб,
Бӯи мева пеш аз хоб
Боғи момаи ангур.
Ёди сабзи тобистон,
Ёди сабзи токистон,
Ёди сабзи Сӯфиён1
Боғи момаи ангур.

1 Қишлоқи Момаи ангур

пешина
аз 184
навбатӣ